08:35:11 25-уми Апрели 2026 сол

Мулоқоти Вазир бо муовини Сарвазири Федератсияи Русия

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба Федератсияи Русия бо муовини Сарвазири Федератсияи Русия Александр Новак мулоқот анҷом дод.

4 muloqoti vazir 656554512Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, нафту газ ва таъминоти маҳсулоти нафтиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зикр гардид, ки Федератсияи Русия нақши муҳимро дар таъмини бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳсулоти нафтӣ иҷро менамояд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои муштаракро дар бахши энергетика, аз ҷумла фаъолияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1» муҳокима намуда, аз дастовардҳои ба дастомада дар ҳалли масъалаҳои марбут ба фаъолияти ин иншооти муҳими энергетикӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

mewr.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ