10:25:35 25-уми Апрели 2026 сол

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаҳои илму маориф баррасӣ шуд

23 октябр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо Вазири маориф ва таҳсилоти олии Қатар хонум Лулва бинти Рошид Ал-Хотир ва директори генералии Фонди рушди Қатар Фаҳад Ҳамад Ал-Сулайтӣ баргузор гардид.

4 tajikistan qatar 568745774Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар хабар доданд, ҷонибҳо роҳҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои илму маориф, аз ҷумла бунёди марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, мактабу муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳкими иқтидори кадрӣ ва сармоягузориҳои соҳаи энергетикаро ҳамчун соҳаи рушди устувор ба таври муфассал баррасӣ намуданд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ