МАҲКУМИЯТИ ЯК ФАЪОЛИ ҲНИТ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ
Додгоҳи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон, як фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ин ноҳияроба як соли зиндон маҳум кардааст. Додгоҳ Муҳаммадрӯзӣ Бурҳоновро, ки аз сӯйи ҲНИТ узвияти кумисиюни як маркази раъйгирӣ дар ин ноҳияро ба ӯҳда дошт, дар дасткории орои интихоботӣ муҷрим шинохтааст. Додситонӣ қаблан ӯро ба фишор бар кумисиюни интихоботи маҳаллӣ ва тақаллуб муттаҳам карда буд.
Додситонӣ ҳамчунин пештар гуфта буд, ки вай бар асоси моддаҳои 151 ва 189 қонуни ҷиноӣ ба сохтакории асноди интихоботӣ ва барангехани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳаллӣ ва диниӣ муттаҳам шудааст.
Аммо ба гуфтаи манобеъи ҲНИТ, ин иттиҳомот исботи худро наёфтаанд ва додситон оқои Бурҳоновро танҳо ба ин муттаҳам кардааст, ки вай худаш чаҳор баргаи раъйи мутаъаллиқ ба аъзои хонаводаашро хат задааст. Оқои Бурҳонов аз 27 март боздошт шуда ва то кунун дар боздошт ба сар мебарад. Ҳоло пайвандон ва вакили мудофеъи ӯ метавонанд дар муддати даҳ рӯз тақозои истиноф кунанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2457-2010-06-10-11-33-48.html