04:11:51 20-уми Майи 2025 сол

БАЛҶУВОН, ТАНҲО НОҲИЯИ ОРӢ АЗ ЭЙЧ-ОЙ-ВӢ ВА СПИД ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Маркази мубталоён ба вируси камбуди масунияти бадан ё Эйч-ой-вии вилояти Хатлон баъд аз анҷоми як таҳқиқот эълом кард, ки ноҳияи Балҷувон ягона ноҳияе будааст, ки касе дар онҷо мубталои вируси Эйч-ой-вӣ нест.

Даврон Қунгуротов, сардори маркази Эйч-ой-вӣ дар вилоят гуфт, ин таҳқиқот ба хотири ошкор кардан ва зери назорат гирифтани мубталоён сурат гирифтааст. Ба гуфтаи вай дар ноҳияи Балҷувон, ки яке аз ноҳияҳои дурдасту туристӣ дар вилояти Хатлон мебошад, то ҳоло ҳеҷ мубталои вируси камбуди масунияти бадан сабт нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Қӯнғуротов афзоиши теъдоди мубталоён ба вируси Эйч-ой-вӣ дар вилоят боиси нигаронии бахши беҳдошти вилоят шудааст. То имрӯз дар вилояти Хатлон 682 нафар мубталои вируси Эйч-ой-вӣ ва бемори СПИД сабт шудааст, ки 169-нафарашон занон ва 14 нафарашон кӯдакону ноболиғон ҳастанд.

Аксари ин афрод сокинони шаҳри Кӯлоб буда ва ҳамаи онҳо таҳти назорати пизишкони соҳавӣ қарор доранд. Бештари мубталоён ба вируси Эйч-ой-вӣ дар вилоят тавассути суранг (сӯзандору) ва теъдоди қобили мулоҳизае ҳам дар замони муҳоҷирати корӣ гирифтор шудаанд. Тибқи иттилоъи расмӣ то имрӯз дар вилояти Хатлон 112 нафар мубталоёнт бемории СПИД фавтидаанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ