08:26:44 10-уми Июни 2025 сол

ОТАШСӮЗӢ ДАР ФУРӮШГОҲИ "ЭЛЕГАНТ"-И БОЗОРИ "КОРВОН"

Дар фурӯшгоҳи дуошёнаи мавсум ба "Элегант"-и бозори Корвон оташсӯзии бузурге ба амал омадааст. Ба гуфтаи подполковник Рустам Сафаров, раиси Хадамоти оташнишонии ноҳияи Фирдависии шаҳри Душанбе оташсӯзӣ соъати 6-и субҳи душанбе, 8 август шурӯъ шуда ва нахуст ниҳоди оташнишонии бозор талош кардааст, то бо нерӯи худӣ оташро муҳор кунад.

/images/stories/2011/08/08_bozori-korvon_8.8.2011.jpgВале ин кор барои онҳо муяассар нашуда ва ин афрод аз Хадамоти оташнишонӣ кумак хостаанд. Мошинҳои оташнишонӣ соъати 8-у 10 дақиқа, яъне, пас аз ду соъати оғози оташсӯзӣ ба маҳалли ҳодиса расидаанд. Подполковник Сафаров гуфт, ки ин оташсӯзӣ талафоти ҷонӣ ба дунбол надошта, аммо хисороти иқтисодиаш зиёд аст.

Дар ҳамин ҳол, масъулони бозори "Корвон" гуфтанд, ки тибқи иттилоъи муқаддамотӣ оташсӯзӣ дар майдони 200 метри мураббаъ сурат гирифта ва иддаи зиёди дӯконҳои фурӯшгоҳи "Элегант" комилан ба коми оташ рафтааст. Гуфта мешавад, пас аз баррасии ҳамҷонибаи ин ҳодиса илал ва мизони хисороти ворида аз оташсӯзӣ эълом хоҳад шуд.

Аммо бештари тоҷирони фурӯшгоҳ ҳадс мезананд, ки мумкин аст ба ҳам пайвастани ноқилҳои барқ дар табақаи дуюм мунҷар ба оташсӯзӣ шудааст. Нигора, як тоҷир, ки дар табақаи дуюм дӯкон дошт, гуфт, рӯзи гузашта кормандони ниҳоди барқрасонӣ аз ҳар дӯкон барои насби кондисионер 160 дулорӣ ҷамъоварӣ карда буданд.

Ба гуфтаи ӯ, дар чанд рӯзи ахир ҳаво хеле гарм шуда ва бидуни кондисионер кор кардан дар ин фурӯшгоҳ душвор шудааст. Дар ҳамин ҳол, Маҳбуба, тоҷири дигари фурӯшгоҳи "Элегант" мегӯяд, шояд касе амдан оташ андохтааст то ба ин васила дуздон, ки колоҳоро ба сирқат бурдаанд,ҷароими худро пинҳон кунанд.

Маҳбуба гуфт, ки дар оташсӯзии қаблии фурӯшгоҳи "Элегант"-и ин бозор низ тамоми колоҳои дӯкони ӯ ба коми оташ рафта буд. Ӯ бо чашмони пур аз ашк мегуфт, ки барои бори дуввум аст, ки аз оташсӯзӣ дар ин бозор хисорот мебинад ва акнун, ки колоҳояш бори дуввум бар асари оташсӯзӣ нобуд шудаанд, комилан варшикаста хоҳад шуд.

Ба гуфтаи шоҳидон оташсӯзӣ аз дарвозаи як то дарвозаи дуввуми бозори Корвон паҳн шуда ва дасти кам панҷ дӯкон дар муҷтамаъи мавсум ба "Элегант" ба коми оташ рафтааст. Чандин бор аст, ки дар "Корвон", бузургтарин бозори молу колоҳои шаҳри Душанбе оташсӯзӣ рух медиҳад. Аммо ҳодисаҳои оташсӯзиҳо дар ин ва дигар бозорҳои кишвар умдатан зимистон, ба далели истифодаи нодурусти васоили гармкунӣ дар дӯконҳо сурат мегирифт.

Аммо як бор, оташсӯзӣ дар бозори "Корвон" дар моҳи августи соли 2008 низ рух дода буд ва дар он анборҳои колоҳо ба коми оташ рафта буданд. Масоҳати оташсӯзӣ ду ҳазору 100 метри мураббаъ эълом шуда буд. Як кумисюни вижа пас аз таҳқиқи ин ҳодиса гуфта буд, ки гурӯҳе боғараз дар ин оташсӯзӣ даст доштаанд, вале дар бораи боздошти ин афрод гузорише нашудааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854