06:01:08 15-уми Декабри 2025 сол

НИЗОМИЁНИ БРИТАНИЯИ КАБИР ДАР ТОҶИКИСТОН

Рӯзҳои 23-24 август ҳайати Британияи Кабир бо роҳбарии ёвари сардори штаби Қувваҳои мусаллаҳи Британия (амалиётҳои таъминотӣ) Витсе-Маршали Қувваҳои ҳавоӣ Граҳам Ҳовард бо сафари корие дар Тоҷтикистон ҳузур доштанд.

/images/stories/2011/08/25_britanian-25.8.2011.jpgҲайат, ки онро сафири Британия Кабир Тревор Мур ҳамроҳӣ мекард, бо сардори Штаби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал Равил Нодиров ва муовини Вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов вохӯрӣ намуд. Мақсади ташрифи ҳайат ин таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба миёни Ҳукуматҳои Британия Кабир ва Тоҷикистон дар самти низомӣ ва сиёсӣ буд.

Ҳангоми вохӯриҳо масъалаи вогузор намудани масъулияти Британия дар Афғонистон ба дӯши қувваҳои амниятии кишвар, ҳамчунон фаъолияти қувваҳои мусаллаҳи Британия дар ин кишвар баъди соли 2015-ум, вақте ки шумораи ками қувваҳои низомӣ боқӣ мемонанд, то ки шарикони афғони хешро омӯзонанд ва раҳнамоӣ кунанд, низ муҳокима гардид.

Масъалаи вазъи минтақа ва зарурияти ҳамкории зичи Ҳукумати Британия Кабир ва Тоҷикистон баҳри кӯмак ба Афғонистон низ мавриди сӯҳбат қарор гирифт. Ҷонибҳо зарурияти муҳим будани раванди истиқрори сулҳи Афғонистонро барои Тоҷикистон ва саҳми қувваҳои эътилофи зидди террористиро дар ин раванд қайд намуданд. 

“Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854