ИНҚИЛОБИЁНИ ЛИБИЯ АЗ ЭҲТИМОЛИ МАРГИ ПИСАРИ КӮЧАКИ ҚАЗЗОФӢ ХАБАР ДОДАНД
Инқилобиёни Либия, рӯзи якшанбе гуфтанд, ки яке аз писарони Муаммар Қаззофӣ ба ном Хамис, ки марги вай аз замони шурӯъи ҷанг чандинбор эълом шуда, мумкин аст рӯзи гузашта дар даргирӣ бо инқилобиён кушта шуда бошад.
Тибқи хабаргузории «Фаронса» аз Бенғозӣ, Аҳмад Умар Банӣ, сухангӯи низомии инқилобиён дар ин шаҳри Либия ба хабарнигорон гуфтааст, ки як теъдод аз размандагони инқилобиён, рӯзи шанбе дар шаҳри Тарҳуна, воқеъ дар 80 километрии ҷанубу шарқии Таробулс, пойтахти Либия, як корвони низомиро, ки чандин худрави ҷадиди «Mercedes-Benz»-ро шомил мешуд, мавриди пайгирӣ қарор доданд.
Вай изҳор дошт, дар ҳоле, ки размандагони мо мекӯшиданд, монеъ аз убури ин корвон шаванд, дар натиҷа онҳо ба сӯи мо бо ҳамлаи хушунатбор ва тирандозӣ сар карданд.
Ӯ мегӯяд, ки: «Корвони низомии мустақар дар Тарҳуна ба ин ҳамла посух дода ва ду худрави ин корвонро ҳадаф қарор дода, сарнишинони онро куштанд. Мо ба муқовимати шадиди корвони ҳаводорони Қаззофӣ рӯ ба рӯ шудем, ки саъй доштанд, аз ин ду худрав муҳофизат кунанд ва ба ҳамин далел ин худравҳо ба куллӣ нобуд ва ба оташ кашида шуданд ва сарнишинони онҳо ҳадаф қарор гирифтанд».
Вай гуфт, ки шиносоии ҷанозаҳои сӯхташудаи онон бисёр сахт аст, аммо сарбозоне, ки дар маҳал дастгир шуданд, ба мо гуфтанд, ки онҳо муҳофизони Хамис Қаззофӣ ҳастанд.
Умар Банӣ изофа кард, ки: «Феълан мо лозим ба шиносоии қатъии сарнишинони ин худравҳо нестем, аммо ба даст омадани иттилоот бештар, шуморо огоҳ хоҳем кард».
Хамиси 28-сола, писари кӯчаки Қаззофӣ, фармондеҳи низомие буд, ки яке аз вафодортарин нерӯҳо ба ҳокими Либия боқӣ монд.
«Рӯзгор»