МАҲКУМИЯТИ БОЗИГАРИ ЗАНИ СИНАМОИ ЭРОН БА ЗИНДОН ВА ШАЛЛОҚ
Расонаҳои наздик ба мухолифони давлати Эрон мегӯянд, ки Марзия Вафомеҳр, бозигари филми "Теҳрони ман ҳароҷ", ки бо муҷаввизи вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ сохта шуда ва намоиш дода шуда буд, ба иттиҳоми бозӣ дар ин филм ба як сол ҳабси таъзирӣ ва 90 зарбаи шаллоқ маҳкум шудааст.
Хонуми Вафомеҳр, ки дар ҳоли ҳозир дар зиндон дар боздошт ба сар мебарад, ҳамсари Носир Тақвоӣ, коргардони саршиноси эронӣ аст. Тайи ҳафтаҳои гузашта ва бо ташдиди фишорҳо бар ҳунармандони арсаи синамои Эрон авомили филми "Теҳрони ман ҳароҷ" боздошт шуданд, ки ҳамаи ин афрод дар ҳоли ҳозир ба ҷуз хонум Вафомеҳр бо қарори васиқа озод ҳастанд.
Филми "Теҳрони ман ҳарроҷ" достони духтари ҳунарманде аст, ки дар ҷараёни баргузории ҷашне бо як писари эронии сокини Устролиё ошно мешавад ва дар талош аст то ҳамроҳи ӯ Эронро тарк кунад.
Би-Би-Си