БОЗДОШТИ РАИСИ КУМИТАИ ДИНИ ХАТЛОН. БАРОИ РИШВАСИТОНӢ
Бобохон Шарбатов, раиси Идораи умури дини вилояти Хатлон, бо иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шудааст. Мақомоти амниятии ин вилоят мегӯянд, ки Бобохон Шарбатов ҳангоми таҳияи асноди довталабони зиёрати хонаи Каъба аз онҳо маблағи иловагӣ талаб намудааст.
Боздошти масъули идораи умури дини вилояти Хатлон дар ҳоле иттифоқ меуфтад, ки чанд рӯз қабл кормандони Оҷонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон бо кормандони ин идора дидору гуфтугӯ анҷом додаанд. Имсол аз вилояти Хатлон барои зиёрати хонаи Каъба 1 ҳазору 500 нафар хоҳанд рафт. Агар дар соли гузашта харҷи сафари ҳаҷ 3191 долларро ташкил медод, дар соли ҷорӣ ин қимат ба 3348 доллар расид. Бар замми ин, зоирон имсол пули Ҳаҷро на бо пули миллии сомонӣ, балки танҳо бо доллар пардохт карданд.
Агарчӣ як моҳ қабл мақомот гуфта буданд, ки нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик рӯзи 15 октябр аз Душанбеву Хуҷанд ба сӯи Ҷидда парвоз хоҳанд кард, аммо бино ба хабари ахири Кумитаи дини Тоҷикистон, ин сафар рӯзи 11 октябр иттифоқ хоҳад уфтод. Кумитаи дини Тоҷикистон, ниҳоди расмии нозир бар фаъолиятҳои динӣ тақрибан даҳ сол аст, ки сафари зоирон ба Ҳаҷро таъмин мекунад ва ширкатҳои хусусии сайёҳиро аз ин ҳуқуқ маҳрум кардааст. Сафари зоирон ба хонаи Каъба аз Тоҷикистон аз солҳои навадум ба ин сӯ дар шакли умумӣ сурат мегирад. Дар солҳои навадум мардум аксаран аз тариқи роҳҳои заминӣ ва бо кӯмаки ширкатҳои сайёҳӣ ба Арабистони Саудӣ роҳ ёфтаанд.
Аммо дар оғози солҳои 2000, замоне ки теъдоди ба ҳаҷравандагон дар Тоҷикистон афзоиш дошт, мақомоти Кумитаи дин талош кард, ки танзими ҳаҷро ба ихтиёри ин ниҳоди динӣ бигирад ва соҳиби бозори гарме шавад, ки ширкатҳои сайёҳӣ аз гуселу пешвози зоирон онро ба вуҷуд оварда буданд.
Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини ислом буда, барои ҳар фарди мусулмон дар тамоми умр як бор фарз аст. Агар ин фард низ ба балоғат расидаву тавоноӣ дошта бошад. Аммо барои рафтан ба ҳаҷ низ уламо чанд шартеро пеш гузоштаанд ва мегӯянд, касе ки наметавонад ин шартҳоро риоя кунад, пас, барояш ҳаҷ воҷиб нест: Аввал: мусалмон будан; Дуввум: болиғ будан; Саввум: оқил будан; Чаҳорум: озод будан; Панҷум: доштани молу сиҳҳатӣ ва амн будани роҳ ба сӯи Ҳаҷ, Шашум: будани маҳрам бо ҳамроҳии зан. Бо ин ҳол, имсол аз Тоҷикистон панҷ ҳазору панҷсад нафар барои зиёрати хонаи Каъба мераванд.
«Озодӣ»