ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ МАВОДИ МУХАДДИР ҲАМБАСТАГӢ МЕБОЯД
18 октябри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бо ширкати масъулини Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳти сарпарастии муовини вазири корҳои дохилии ин кишвар генерал - полковник Бозмуҳаммад Аҳмадӣ нишасти матбуотӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони васоити ахбори бурунмарзӣ ва ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Тавре Котиби матбуотии Агентии давлатии зидди маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурӣ Саъдуллоҳ Раҳматуллоев иттилоъ дод, мурод аз ташрифи ҳайати номбурда таҳияи механизми табодули маълумот ва ахбори фаврӣ дар бораи тавлидгарону қочоқчиёни маводи мухаддир мебошад.
Марзи байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 1344 килограммро ташкил медиҳад.Аз ин лиҳоз иҷрои ин кор ҷиддияти бештареро тақозо дорад. Дар нишасти матбуотӣ қайд гардид, ки имсол ҳаҷми кишти маводи мухаддир нисбат ба солҳои қаблӣ камтар аст. Масалан агар соли 2010 – ум 6900 кг. маводи мухаддир истеҳсол шуда бошад, пас соли 2011 ин рақам 3600 кг – ро ташкил дод.
Лутфишо Додоев, АМИТ «Ховар»