00:03:48 03-уми Июни 2025 сол

ҲИЛЛАРӢ КЛИНТОН ИМРӮЗ ВОРИДИ ДУШАНБЕ ХОҲАД ШУД

Бино ба хабарҳо, қарор аст, имрӯз вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон вориди Душанбе шавад. Бино ба хабарҳо, роҳҳои расидан ба сулҳу оштӣ дар Афғонистон ва вазъи равобити Тоҷикистону Амрико аз мавзӯъҳои асосии музокироти ӯ бо раҳбарони Тоҷикистон дар Душанбе хоҳад шуд.

Клинтон дирӯз дар идомаи силсиласафари ҷаҳониаш, ки аз Либияву Уммон оғоз ёфт, вориди Кобул, пойтахти Афғонистон шуд ва имрӯз бо раиси он ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай мулоқот мекунад. Як ҳадафи Клинтон ба талошҳои оштӣ ташвиқ кардани раҳбарони Афғонистон аст. Ин талошҳо баъди қатли Бурҳонуддин Раббонӣ дар моҳи сентябр дучори чолиш шуд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854