САФАРИ ҒАЙРИМУНТАЗИРАИ ҲИЛЛАРӢ КЛИНТОН БА КОБУЛ
Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, дирӯз дар як сафари аз қабл эъломнашуда ба Кобул рафтааст. Сухангӯи сафорати Амрико дар Афғонистон мегӯяд, "Ҳилларӣ Клинтон сафари кӯтоҳе ба Кобул намуда ва қарор аст, бо Ҳомид Карзай мулоқот кунад."
Ҳадафи сафари вазири умури хориҷаи Иёлоти Мутаҳида ба Кобул дар паҳлуи мулоқот бо Карзай, дидор бо ҷомеаи маданӣ низ будааст. Илова ба ин, як мақоми сафорати Амрико дар Кобул гуфт, ки ҳадаф аз сафари хонум Клинтон “фишор овардан ба ҳукумати Афғонистон барои расидан ба як созиши сиёсӣ аст.”
Барои поён додан ба ҷанги ёздаҳсола дар Афғонистон Ҳилларӣ Клинтон аз гузашта то кунун ба созиши сиёсӣ бисёр таъкид кардааст, аммо ин сафари хонум Клинтон ба Кобул дар ҳоле анҷом мешавад, ки муддате қабл Бурҳонуддини Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон, кушта шуд.
Вазири умури хориҷаи Амрико, Ҳилларӣ Клинтон, қабл аз он ки ба Афғонистн сафар кунад, ба Либия рафта ва дар Троблус рӯи ташкили ҳукумати интиқолӣ бо мақомот сӯҳбатҳое дошт.
Бино ба хабарҳо, қарор аст, вазири хориҷаи Амрико имрӯз (20 октябр) вориди Душанбе шавад. Интизор меравад, роҳҳои расидан ба сулҳу оштӣ дар Афғонистон ва вазъи равобити Тоҷикистону Амрико аз мавзӯъҳои асосии музокироти ӯ бо раҳбарони Тоҷикистон дар Душанбе бошад.
«Озодӣ»