МУЛОҚОТИ ЛОРИҶОНӢ БО РАИСИ ПОРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН
Алии Лориҷонӣ, раиси порлумони Эрон, баъд аз зӯҳри имрӯз (20 октябр) ба манзури анҷоми як дидори дурӯзаи расмӣ вориди Тоҷикистон шуд. Дар нахустин рӯзи сафар ба Душанбе оқои Лориҷонӣ бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумони Тоҷикистон, мулоқот карда ва масоили марбут ба ҳамкориҳои порлумонӣ ва равобити ду кишварро баррасӣ кардааст.
Қарор аст рӯзи ҷумъа раиси маҷлиси Эрон бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, ва мақомоти дигари Тоҷикистон мулоқот кунад. Ҳамчунин, вай бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, донишмандони Фарҳангистони улуми ин кишвар ва эрониёни муқими Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард. Сафари оқои Лориҷонӣ ба Душанбе дар ҳолест, ки интизор меравад Ҳилорӣ Клинтун, вазири хориҷаи Омрико, низ дар поёни ҳафтаи ҷорӣ дидоре аз Тоҷикистон анҷом диҳад.
Ихтилофоти байни Эрон ва Омрико ахиран бар сари мавзӯъи "тавтеаи терури сафири Арабистони Саъудӣ дар Омрико" шадидтар шудааст. Омрико Эронро ба тарҳрезии амале теруристӣ алайҳи сафири Саъудӣ дар Вошингтун муттаҳам карда, вале мақомоти эронӣ ин иддаъоро рад кардаанд.
Эрон ба далели муштаракоти фарҳангию забонӣ аз равобити қавие бо Тоҷикистон бархурдор аст, ки Омрико аз ин ҳаргиз хушнуд набудааст. Аз сӯйи дигар, Омрико аз умдатарин кишварҳои ёрирасон ба бахши иҷтимоъӣ, нерӯҳои пулис, амниятӣ, марзбонон ва низомиёни Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Би-Би-Си