ХОҲИШМАНДОНИ ХИЗМАТ ДАР САФИ АРТИШ МЕАФЗОЯД
Аз даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳамагӣ 25 рӯз сипарӣ шуда бошад ҳам, аллакай 49 – 50 фоизи нақшаи даъват таъмин гаштааст.
Роҳбарони қисмҳои ҳарбӣ сол то сол шароити хизматро дар қисмҳои низомӣ беҳтар менамоянд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки ҷавонони ба синни 18 қадам гузошта худ бе даъвати комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ба марказҳои қабули даъватшавандагон ҳозир шаванд.
Бино ба гуфти муовини аввали қумондони қисми низомии 0850 – и Вазорати мудофиа, подполковник Соҳиб Нуралиев, аксарияти наваскарон ҳангоми даъвати тирамоҳӣ ба тарзи ихтиёрӣ ва бе даъвати комиссариатҳои ҳарбӣ ба хизмати Модар – Ватан ҳозир шудаанд.
Дар байни наваскарон дорандагони маълумоти олӣ кам нестанд. Ин маънои онро дорад, ки ҷавонони 18 – 27 сола сарфи назар аз маълумоти миёна ва ё олӣ доштан ӯҳдадоранд дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ хизмат намоянд.
Дар ҳамаи қисмҳои низомӣ барои қабули волидайни аскарон шароити хуб муҳайё карда шудааст. Онҳо имкон доранд дар «Китоби хотира» - и қисми низомӣ андешаҳои худро аз рӯи дидаашон нависанд.
Лаззат Диловарзод, АМИТ «Ховар»