11:27:30 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БОЗДОШТИ ДУ ФАРДИ МАЗНУН БА ҚАТЛИ РАИСИ БОЗОРИ МАСТЧОҲ

Кормандони умури дохилаи вилояти Суғд, аз боздошти ду фарди мазнун дар қатли як раиси бозор дар шимоли Тоҷикистон хабар доданд. Эшон Бузургов – раиси бозори ҷамоъати Палдораки ноҳияи Масҷоҳ чанд рӯз қабл аз тарафи афроди номаълум бо зарби ҷоқу кушта шуда буд.

Фирӯз Боқӣ, сухангӯйи раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, рӯзи душанбеи 13 феврал ба Би-Би-Сӣ гуфт: “Зимни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Хуҷанд, ду фарди мазнун, ки яке Бузург Бузургови 25 сола ва дигаре Ҷалол Шарифови 36 сола ҳастанд дар иртибот бо қатли Эшон Бузургов боздошт шудаанд.”

Зимнан, ба иттилоъи пулиси Суғд, рӯзи 9 февроли соли ҷорӣ, афроди номаълум ба хонаводаи Эшон Бузургови 76 сола ворид шуда ва бо зарби чоқу ӯро ба қатл расонида ва аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд. Ба гуфтаи оқои Боқӣ: “Эшон Бузургов шадидан захмӣ шуда ва аз ҷароҳат дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”

Сухангӯи пулиси Суғд мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир парвандаи ҷиноӣ тибқи моддаи 104 қонуни ҷиноии Тоҷикистон, яъне қатл боз шуда ва таҳқиқоти он идома дорад. Дар гузашта низ дар виляоти Суғди Тоҷикистон аз қатли раҳбарони бозор гузориш шудааст.

Аз ҷумла, соли гузашта додгоҳи вилояти Суғд, 8 сокини ин вилоятро барои қатли Ҳомид Каримов, раиси бозори рустои Сурхи ноҳияи Исфара аз панҷ то 25 сол равонаи зиндон кард. Қаблан пулиси Суғд эълом дошта буд, ки дар соли 2011дар қаламрви ин вилоят беш аз 40 мавориди қатл сабт шудааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi