19:25:25 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАҲКУМИЯТИ ДУ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН БА 20 СОЛ ЗИНДОН ДАР РУСИЯ

Пулиси Русия як сокини 24-солаи Тоҷикистонро ба занни қочоқи маводди мухаддир дар он кишвар боздошт кардааст. Ба навиштаи "Интерфакс", хабаргузории Русия, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Кроснуёрск боздошт шуда ва кормандони пулис аз ӯ 700 гром ҳеруинро мусодира кардаанд.

Ин хабаргузорӣ аз қавли пулиси рус гуфтааст, ки шаҳрванд, миқдори зиёде маводди мухаддирро дар ду моҳи ахир аз Тоҷикистон ба Русия интиқол додааст. Ин дар ҳолест, ки масъулони ниҳодҳои вижаи мубориза бо маводди мухаддир дар Тоҷикистон аз фаъъолиятҳои созандаи хеш дар роҳи боздошти маводди мухаддир дар қаламрави ин кишвар хабар медиҳанд.

Аз сӯйи дигар, додгоҳе дар Русия ду шаҳрванди тоҷикистониро барои қочоқи маводди мухаддир ба 20 ва 18 сол зиндон маҳкум кардааст. "Аргументы и Факты", як рӯзномаи Русия навиштааст, ки ин ду сокини Тоҷикистон дар Русия гурӯҳи табаҳкореро созмон дода ва дар шаҳри Перми он кишвар машғули фурӯши ин маводд будаанд.

Ба навиштаи ин рӯзнома, Алибҷон Раҳимов, яке аз ин қочоқбарон дар гузашта дар суфуфи муҷоҳидон дар Афғонистон меҷангидааст. Дар миёни ин гурӯҳ Вера Четкина, як сокини Русия низ будааст, ки додгоҳ ӯро барои ҳамдастӣ бо қочоқчиён барои панҷ сол равонаи зиндон кардааст.

Ҳамчунин додгоҳи шаҳри Перм яке дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро ки бо гурӯҳ барои фурӯши маводди мухаддир ҳамкорӣ доштааст, ба 20 сол зиндон маҳкум кардааст. Аъзои ин гурӯҳи, ба гуфтаи додгоҳ, созмонёфтаи қочоқчӣ дар соли 2011 боздошт шуда ва пулиси рус аз онҳо беш аз 6 килугром маводди мухаддир мусодира кардааст.
Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi