21:30:40 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЭРОН БА РАФЪИ БУҲРОНИ ЭНЕРЖӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КУМАК МЕКУНАД

Дар ҳоле ки қатъи интиқоли гози Узбакистон корхонаҳои бузурги санъатии Тоҷикистонро дучори буҳрон сохта, Эрон ваъдаи кумаки сареъ ба ин кишвар кардааст. Як манбаъи огоҳ аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба Би-би-сӣ гуфт, ки Президент Аҳмадинажод дастур додааст, ки кумаки изтирорӣ бо шумули маводди сӯхтӣ сареъан таҳия ва ба Тоҷикистон ироа шавад.

/images/stories/2012/04/06_ahmadinejhad_rahman-6412.jpgҲамчунин, Эрон тасмим гирифтааст, ки бахше аз ҳазинаи кашидани лӯлаи гоз аз Эрон ба Тоҷикистонро дар қаламрави Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад. Ин манбаъ афзуд, ки ахиран раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомоти Эрон барои рафъи мушкилоти ношӣ аз паёмадҳои зимистони шадид ва қатъи интиқоли гоз аз Узбакистон ба ин кишвар кумак кунад.

Вай гуфт: "Раиси ҷумҳури Эрон сареъан ба ин дархост вокуниш карда ва дастур дод, ки кумаки изтирорӣ, ки умдатан аз анвоъи маводди сӯхтӣ иборат аст, таҳия ва ироа шавад."

Дар посух ба ин суол, ки оё давлати Эрон омода аст аз Тоҷикистон ҳимояти сиёсӣ низ кунад, ин манбаъ гуфт, ки бурузи ихтилоф байни Тоҷикистону Ӯзбакистон кори дохилии ин ду кишвар аст. Ин манбаъ афзуд: "Вале мо пайваста аз давлати Тоҷикистон дар ҳар масоил пуштибонӣ мекунем. Ин вазифаи мост."

Зимнан, Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон, дар тирамоҳи соли гузашта дар маросими роҳандозии нерӯгоҳи "Сангтуда-2" дар ҷануби Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки "амнияти Тоҷикистон амнияти мост."

Соли 2010 низ, замоне ки Ӯзбакистон дар ҳаракати вогунҳои тоҷикистонӣ аз қаламрави худ маҳдудиятҳое эҷод кард, давлати Эрон вокуниши тунде ба ин иқдом нишон дод.

Мақомоти роҳи оҳани Эрон дар номае ба ҳамтоёни ӯзбаки худ изҳор доштанд, ки агар "муҳосираи иқтисодии" Тоҷикистон идома ёбад, Эрон низ алайҳи вогунҳои ӯзбакистонӣ, ки аз қаламрави Эрон убур мекунанд, тадобири мушобеҳе дар пеш хоҳад гирифт.

Ин манбаъ афзуд, ки Эрон ҳамчунин тасмим гирифтааст ба ҳалли мушкили гози воридотӣ ба Тоҷикистон мусоъидат кунад. Вай афзуд: "Давлати Эрон тасмим гирифт бахше аз ҳазинаи кашидани лӯлаи гоз дар қаламрави Тоҷикистонро, ки ҷузъе аз хатти лӯлаи гози Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон аст, сармоягузорӣ кунад."

Вай хабар дод, ки дар авохири ҳафтаи гузашта дар Душанбе вузарои хориҷаи ин се кишвар бо раиси Бонки Исломии Тавсеъа дидор доштанд. Дар ин дидор тасмим шудааст, ки бахши дигари ҳазинаи ин тарҳро ин муассисаи молӣ пардохт кунад.

Ин манбаъ афзуд, ки қисмати эронии ин хатти лӯлаи гоз барои истифода омода аст ва танҳо кашидани лӯла дар қаламрави Афғонистон ва Тоҷикистон лозим аст.

Дар ҳамин ҳол, манобеъи ширкати "Тоҷиктрансгаз" мегӯянд, ки ин ширкат мутахассисони умури лоиҳакаширо муваззаф кардааст, ки дар муддати кӯтоҳ тарҳи кашидани хатти интиқоли гоз аз Шибирғони Афғонистон ба Тоҷикистонро таҳия кунанд.

Зимнан, аз аввали апрел интиқоли гози табиъӣ аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон мутаваққиф шуд. Мақомоти Тоҷикистон мақомоти ӯзбакро ба идомаи талошҳо барои "муҳосираи иқтисодии" ин кишвар ва аз ин роҳ мухтал кардани сабот дар ҷомеъаи ин кишвар муттаҳам кардаанд. Аммо ҷониби Ӯзбакистон ин иддаъоро бепоя хондааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi