00:28:02 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ПАРВАНДА АЛАЙҲИ НАШРИЯИ «МИЛЛАТ» ҚАТЪ ШУД

Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баррасии парванда алайҳи рўзномаи «Миллат»-ро қатъ кард. Ин қарор дар ҳоле содир мешавад, ки ҳудуди як моҳ пеш додгоҳи шаҳри Душанбе баҳси Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо нашрияи "Миллат" -ро ба фоидаи ахирӣ ҳал карда буд.

/images/stories/2012/04/25_sudi-millat-25412.jpgРўзи 25-ум апрели соли 2012 додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт таҳти раисии судя Содирова Машҳура бо тайиноти худ, баррасии парвандаи гражданиро бо даъвои вазорати кишоварзии Тоҷикистон алайҳи рўзномаи «Миллат» дар бораи рўёнидани зараи маънавӣ қатъ кард.

Вазири кишоварзии Тоҷикистон дар соли 2010 алайҳи нашрияи «Миллат» ба додгоҳ муроҷиат кард ва хостори пардохти 1 миллион сомонӣ барои ба гуфтаи ў паст задани шаъну эътибори вазорат ва ворид намудани зарари молӣ шуда буд.

Дар соли 2011 додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ин даъвои вазири кишоварзиро қонеъ кард ва бо қарори худ «Миллат»-ро барои пардохтани 1500 сомонӣ ва нашри радия муваззаф сохт. Додгоҳи ҳайати мунсифаи шаҳри Душанбе низ дар моҳи июни соли 2011 ин қарори додгоҳи Фирдавсиро, ки судя Дилором Абдураҳимова бароварда буд, бетағйир гузошт.

Аммо дар моҳи марти соли равон, зинаи назоратии додгоҳ, раёсати додгоҳи шаҳри Душанбе қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ва тайиноти додгоҳи шаҳри Душанберо бекор намуд. Акнун додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ низ ин парвандаро комилан қатъ намуда ва бо ҳамин ба даъвои вазир Қосим Қосимов алайҳи «Миллат» нуқта гузошта шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi