10:54:27 09-уми Майи 2025 сол

ХАБАРНИГОРИ ХАБАРГУЗОРИИ "ФОРС" ДАР КОБУЛ БОЗДОШТ ШУД

Идораи Амнияти миллии Афғонистон мегӯяд як хабарнигори хабаргузории "Форс" - и Ҷумҳурии Исломии Эронро дар Кобул боздошт кардааст. Як манбаъ дар Амнияти миллии Афғонистон, ки нахост номаш ифшо шавад, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин рӯзноманигор ба иттиҳоми "ифшои асрори маҳрами давлатӣ ба Эрон" боздошт шудааст.

/images/stories/2012/05/07_fars_7.5.12.jpgИн манбаъ ҷузъиёти бештаре дар мавриди ин иттиҳом ироа накард. Хабаргузории "Форс" низ ин гузоришро таъйид карда ва навишта Абдулвоҳид Ҳакимӣ, "хабарнигор ва сарпарасти" ин хабаргузорӣ дар Кобул "ки худ афғон аст, аз суи авомили Амниятии Афғонистон дастгир ва ба макони номаълуме мунтақил шудааст."

Бар асоси гузориши "Форс" оқои Ҳакимӣ барои таҳияи як гузориш дар мавриди музаи миллии Кобул аз дафтари кораш берун шуда буд ва дар масири роҳ боздошт шуд. Ин хабаргузорӣ мегӯяд, ки оқои Ҳакимӣ "дар як тамоси маҳдуд ва кунтрулшуда" ба хонаводаи худ гуфта, ки аз суи Амнияти миллӣ боздошт шудааст.

Хабаргузории "Форс", ки гуфта мешавад ба Сипоҳи Посдорони Эрон наздик аст, дар Кобул дафтар дорад ва ҳаводиси Афғонистонро пӯшиш медиҳад. Пеш аз ин идораи Амнияти миллии Афғонистон гуфта буд, ки ин хабаргузорӣ муҷаввизи расмии кор дар Афғонистонро надорад.
Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ