04:17:09 02-уми Июли 2025 сол

БОЗДОШТИ ЯК ТОҶИК БО ИТТИҲОМИ КУШТОР ДАР МАСКАВ

Як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон дар Маскав бо иттиҳоми қатли як иҷрокунандаи ҳукмҳои додгоҳӣ дастгир шудааст.

Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, Анварҷон Абдиев зӯҳри якшанбе дар натиҷаи муноқиша дар кӯча ба сари пристав бо отвёртка кӯфтааст, ки дар натиҷа ин корманди шӯъбаи приставҳои ноҳияи Бабушкинои Маскав ҳалок шуд. Алайҳи Абдиев бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ