02:27:04 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЗАЙД САИДОВ РАИСИ ШӮРОИ АНҶУМАНҲОИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Зайд Саидов, раиси Шӯрои ҳамоҳангсози Иттиҳоди анҷуманҳои тиҷоратии Тоҷикистон интихоб шудааст.Зайд Саидов, соҳибкори саршиноси тоҷик рӯзи чаҳоршанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 5 май дар нишасти ин Шӯро интихобот доир шуд ва ду нафар номазадии худро барои раҳбарии он пешинҳод карданд. 

 

/images/stories/2012/06/06_zaidsaidov070612.jpgЯке аз довталабон номзадии худро пас гирифт ва Зайд Саидов раиси ин Шурои ҳамоҳангсозӣ иттиҳоди ҷамъиятии анҷуманҳои тиҷоратии кишвар  интихоб шуд. 

То кунун ин Шӯроро Некрӯй Забиров, раиси Ассотсиатсияи содиркунандагону воридкунандагони Тоҷикистон роҳбарӣ мекард. ӯрои ҳамоҳангсози Иттиҳоди анҷуманҳои тиҷоратии кишвар 56 ассотсиатсия ё анҷумани бузурги соҳавии ҷумҳуриро муттаҳид месозад, ки аз номи анҷумани тоҷирон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баромад мекунанд.

Номзадии Зайд Саидовро чанд тан аз ташаббускорон пешбарӣ кардаанд. Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон Иззатулло Лаълбеков ӯро ҳамчун шахсияти шинохта ва арзанда барои ҷамъияти соҳибкорон номид. Ёдрас мешавем, ки Шӯрои ҳамоҳангсози Иттиҳоди анҷуманҳои тиҷоратии Тоҷикистон соли 2007 таъсис ёфта аст.

Зайд Саидов 54 сол дорад. Ӯ дар соли 1983 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодшинос хатм кардааст. То соли 1992 дар вазифаҳои мухталифи соҳаи саноат кор кардааст. Аз соли 1993 то 1999 мудири кулли ҶС  «Халиф» дар шаҳри Маскав буд. Сайд Саидов соли 1999 то 2006 аввал ба ҳайси раиси Кумитаи саноъат бадан ҳамчун вазири саноъати Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ аз соли 2007 ба ин сӯ раиси Анҷумани соҳибкорон ва истеҳсолкунандагон ва раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон низ мебошад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi