15:59:41 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ОЯНДАИ НОРӮШАНИ ПОЙГОҲИ 201 ВА ҚАТЪИ МАБЛАҒГУЗОРИИ РУСИЯ

Русия барои рушди пойгоҳи 201-и ин кишвар дар Тоҷикистон то замоне, ки сарнавишти ин пойгоҳ рӯшан нашавад, маблағгузорӣ намекунад.

/images/stories/2012/07/03_201-dvizia-2012.jpgТибқи иттиллои расонаҳои русӣ, генерали артиш Николай Макаров, Сардори Сарситоди Нерӯҳои мусаллаҳи Русия гуфтааст, то замоне, ки музокироти идомаи ҳузури ин пойгоҳ баъди соли 2014 дар қаламрави Тоҷикистон бо ин шакл идома меёбад, масъалаи сармоягузорӣ ба он низ номаълум боқӣ хоҳад монд.

«Раванди музокирот дар бораи ин пойгоҳ бо мушкилӣ пеш меравад. Вале мо мутмаинем, ки дар охири кор ақли солим боло хоҳад гирифт».

Ин генерали рус ёдовар шудааст, ки байни ду кишвари Русия ва Тоҷикистон мувофиқа ҳосил шуда буд, ки сарнавишти баъдии пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ рӯшан мешавад.

«Мутаассифона ин кор сурат нагирифт. Тоҷикистон сари мавқеи худ пофишорӣ дорад ва аз ин ҷиҳат мо маҷбурем, ки барои ин пойгоҳ, то замоне, ки вазъият муайян нашавад, маблағгузориро қатъ намоем.»

Давлати Тоҷикистон ва Русия дар соли 2004 дар мавриди ҳузури пойгоҳи Русия барои то даҳ сол созишнома имзо карда буданд. Аммо ҳамакнун сарнавишти ин пойгоҳ баъди соли 2014 ба далели онки Русия мехоҳад барои 49 сол созишнома имзо кунад ва Тоҷикистон на бештар аз даҳ сол, норӯшан боқӣ мондааст.

Гуфта мешавад пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ки дар заминаи фирқаи 201-и  ин кишвар ташкил шудааст, бузургтарин пойгоҳи ҳарбии Русия дар хориҷи ин кишвар ба ҳисоб меравад.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi