05:09:35 20-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

ҲАЙАТИ ВАКИЛОНИ КОНГРЕССИ ИМА БА ТОҶИКИСТОН ТАШРИФ МЕОВАРАД

Аз панҷум то шашуми июл ба Тоҷикистон ҳайати вакилони Конгресси дуҳизбаи ИМА таҳти сарварии аъзои Палатаи намояндагон Дэн Бертон (узви ҳизби Ҷумҳурихоҳ аз иёлати Индиана) ва Грегори Микс (демократ аз иёлати Ню-Йорк) ташриф овард.

/images/stories/2012/07/06_usa-taj-060712.jpgҲайати вакилон ба Қазоқистон ва Қирғизистон низ ташриф овард ва дар доираи сафари минтақавии худ ба Ӯзбекистон ҷиҳати омӯзиши вазъи тиҷорат, демократия, волоияти қонун, амният ва рушд сафар мекунад. Ҳангоми ҳузури худ дар Тоҷикистон ҳайати вакилонро Президенти Тоҷикистон барои баррасии вазъи муносибатҳои дуҷонибаи байни Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон ва масоили мутақобилан судманд ба ҳузур пазируфт.

Намоянда Дэн Бертон ҳавзаи панҷуми интихоботии иёлати Индианаро намояндагӣ мекунад ва ба ҳайси узви калони Кумитаи Палатаи намояндагон оид ба назорат ва ислоҳоти давлатӣ, узви Кумитаи Палатаи намояндагон оид ба умури хориҷа ва Раиси зеркумита оид ба Аврупо ва Авруосиё адои хизмат мекунад.

Зеркумитаи ӯ назорати ҷанбаҳои асосии сиёсати берунаи Иёлоти Муттаҳидаро дар Осиёи Миёна амалӣ месозад. Намоянда Грегори Микс роҳбари зеркумита аз тарафи ҳизби демократ мебошад.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi