ЯК НАФАР АЗ ДОДГОҲИ ШАҲРИ ХУҶАНД ФАРОР КАРД
Бино ба иттилоъи манобеъи пулиси шаҳри Хуҷанд, нерӯҳои интизомии ин шаҳр ба ҳолати сарбозӣ даромадаанд. Ин амр пас аз ҳодисаи фарори як сокини шаҳри Чкалов аз сохтмони додгоҳи шаҳри Хуҷанд, дар маркази вилояти Суғд сурат гирифт.
Ин шаҳрванди Тоҷикистон дирӯз ба ҳангоми судури фармони боздошт барои ӯ аз сохтмони додгоҳи шаҳри Хуҷанд фарор кардааст. Гуфта мешавад, ин сокини вилояти Суғд бо худраваш як роҳравро аз по даровардааст. Фарде ки бо худрав бархӯрда, ҷони худро дар ҷойи ҳодиса аз даст додааст.
Бино ба иттилоъи манобеъи пулис, ронандаи худраве, ки роҳравро бо мошини худ задааст, таҳти нигаҳбонии се корманди пулис барои дарёфти фармони боздошт ба сохтмони додгоҳи шаҳри Хуҷанд мунтақил шуд. Гуфта мешавад вақте ин фард ба сохтмони додгоҳ расид, вай аз бетваҷҷуҳии пулиси муҳофизи худ сӯистифода карда ва фарор кардаас.
Дар ҳоли ҳозир барои боздошти ин ронандаи фарорӣ аз сохтмони додгоҳ куллияи нерӯҳои пулиси шаҳри Хуҷанд дар ҳолати омодабош қарор доранд. Дар хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд пулиси мусаллаҳ зиёде дида мешавад.
Манобеъи огоҳ мегӯянд, соли гузашта ин марди фарорӣ дар ҳолисае як корманди пулисро бо чоқу (корд) захмӣ карда буд, “аммо ба далоили мухталиф он замон барои ин кор ҷазо надид.”
Ин матлаб бо дарёфти иттилоъи бештар аз ин ҳодиса такмил хоҳад шуд.
Би-Би-Си