12:23:29 23-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

САФАРИ ХИЗМАТИИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ БА ВМКБ

Сафари хизматии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад.

Ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ, зимни ин сафар Вазири корҳои дохилӣ аз шароити корӣ, омодабошии ҳайати шахсӣ ва натиҷаҳои хизматии Раёсат ва шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти мазкур дидан намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва боз ҳам баланд намудани натиҷаҳои хизматии ҳайати шахсӣ, ошкор ва пешгирии содиршавии ҷиноятҳои вазнин, пешгирии воридот ва интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор ва яроқу лавозимоти ҷангӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Инчунин Вазири корҳои дохилӣ бо роҳбарони як қатор сохторҳои қудратии мамлакат аз рафти машқҳои муштараки тактикии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар вилояти мазкур дар мавзӯи «Мубориза бар зидди терроризм ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор» дидан намуда, ба маҳорати кормандон ва мутахассисони бахшҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар ин машқҳо иштирок доштанд, баҳои баланд дод ва зиёда аз 15 нафар кормандонеро, ки дар ин машқҳо аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон доданд, бо медал, нишони сарисинагӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi