21:01:43 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

МАНСУР БОБОХОНОВ, ТАЪРИХНИГОРИ МАЪРУФ, ДАРГУЗАШТ

Профессор Мансур Бобохонов, таърихнигори маъруфи тоҷик, дар асари бемории тӯлонӣ дар манзили худ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ба гуфтаи пайвандонаш, Профессор Бобохонов муддате тӯлонӣ аз бемории саратон ранҷ мебурд. Вай ба ҳангоми марг 81 сол доштааст.

/images/stories/2012/07/20_babahanov_200712.jpgМаросими ташйиъи ҷанозаи ӯ рӯзи ҷумъаи 20 июл дар масҷиди Имом Тирмизӣ, дар маркази шаҳри Душанбе, баргузор мешавад. Профессор Бобохонов аз чеҳраҳои барҷастаи илм ва фарҳанги Тоҷикистон маҳсуб мешуд ва аз маъруфтарин донишмандони таъриху фарҳанг, иқтисод ва сиёсат ва ҳамчунин аз пажӯҳишгарони умдаи ҷавомеъи тоҷикони бурунмарзӣ ба шумор мерафт.

Мансур Бобохонов устоди Донишгоҳи муштараки исловии Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе ва муассиси Маркази мутолеъоти илмӣ дар бораи тоҷикон ва форсизабонони бурунмарзӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, ки бештар бо номи "Маркази тоҷикшиносӣ" маъруф аст.

Ӯ дар солҳои 1965-1982 раёсати Донишкадаи таърих ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бар уҳда дошт. Профессор Бобохонов ҳамчунин узви пайвастаи Фарҳангистони омӯзгорӣ (педагогӣ) ва ҷомеъашиносии Русия буд.

Ӯ муаллифи беш аз 400 асари илмӣ, аз ҷумла ҳашт рисолаи илмӣ ва даҳ китоби дарсӣ маҳсуб мешавад. Профессор Бобохонов мубтакир ва оғозгари клоси "Таърихи тоҷикони ҷаҳон" буд, ки аз авосити даҳаи 1990 ба ин сӯ дар бархе аз донишгоҳҳои Тоҷикистон тадрис мешавад.

Аҳли эҷоди сомонаи «Рӯзгор» дар робита бо даргузашти Мансур Бобохонов ба хешу наздикони  ин донишманди маъруф тасаллият баён мекунад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi