18:01:36 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

СУЛТОНИ ҲАМАД: "ГЕНЕРАЛ НАЗАРОВ ДӮСТДОРИ МЕҲАН БУД"

Мудири сайти Рӯзгор ва коршиноси масоили сиёсии минтақа аз генерал Абдуллоҳ Назаров-раиси идораи амнияти миллии Бадахшон,ки ба тозагӣ ба дасти гурӯҳи ношинос ба қатл расида аст, ба унвони шахси дӯстдори меҳан ёд кард.

Султони Ҳамад дар гуфтугӯи  ихтисосӣ бо Садои Хуросон бо ёдоварии мавзеъгирии Назаров дар мавриди ҳаводиси хунини моҳи феврали соли 1990, ки мақомоти амниятии Тоҷикистонро омилони куштори тазоҳуркунандагон дар шаҳри Душанбе хонда буд, афзуд:"Тағйири дидгоҳи шуморе аз кормандони ташкилоти амниятии Шуравии собиқ (КГБ) монанди Назаров бархоста аз тамос бо неруҳои исломии ин кишвар буд."

Ин таҳлилгар сабаби истифода накардани генерал Абдуллоҳ Назаров ва муҳофизони вай аз аслиҳаро дар ҷараёни даргирӣ бо ашхоси ҳамлакунанда, тамоюли Назаров ба ҳалли масоил аз роҳҳои мусолиматомез хонд ва гуфт: "Генерал Назаров дар тамоми мавридҳо ба усули ахлоқӣ пойбанд буд."

Генерал Абдуллоҳ Назаров шомгоҳи рӯзи 21-уми июл ҳини бозгашт аз маъмурияти хидматӣ дар Бадахшон тавассути ашхоси ношинос ба қатл расид.

http://tajik.irib.ir



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi