15:55:50 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РАИСИ ҶУМҲУР: "АЗ АМАЛҲОИ ИҒВОГАРОНА ҶИЛАВГИРӢ КУНЕД!"

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори ҷилавгирӣ аз амалҳои иғвогарона дар пасманзари ҳаводиси Хоруғ шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон шоми панҷшанбе аз тариқи телефон гузориши раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосим ва раҳбарои ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошим оид ба вазъи амниятӣ ва иҷтимоии  минтақаро дарёфт кард.

/images/stories/2012/07/27_janobi-oli-270712.jpgБа иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин сӯҳбати телефонӣ, аз масъулони навоҳии ин вилоят тақозо кардааст, ки ба таври густурда миёни мардум дар масҷиду маҷлисгоҳҳо ва дар ҷамоатҳо амалҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.

Таъкид шудааст, ки дар чунин як марҳилаи ҳассос кӯшиш кард аз амалҳои иғвогарона ҷилавгирӣ карда шавад. Як манбаъи наздик ба дастгоҳи президенти Тоҷикистон гуфт, ки бо истифода аз замонати оташбас, ҳамаи намояндагони ҳукуматҳои ноҳияҳо ва афроди бонуфузи Бадахшон талош дорад ин масъала бо роҳи мусолиматомез ҳалли худро пайдо кунад.

Вай афзуд, бар асоси тавофуқе, ки ҳосил шудааст, нимаи аввали имрӯз марҳилаи супурдани силоҳҳо тавассути афроди гуррӯҳҳои мусаллаҳи созмонёфта оғоз хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол тибқи манобеи мо, аз рӯзи гузашта вазъ дар шаҳри Хоруғ ором будааст, аммо шабона дар мавориде садои тирпаронӣ ба гӯш расидааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi