02:55:32 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
29 30        

ВКД: "ТУФАНГЧАЕ, КИ САФАРОВРО КУШТ, ПАЙДО ШУДААСТ"

Вазорати корҳои дохилӣ аз пайдо шудани туфангчае, ки барои куштори Холмӯъмин Сафаров истифода шудааст, иттилоъ дод.

/images/stories/2012/07/28_kh.safarov-280712.jpgБа қавли ин манбаъ, туфангчаи тамғаи "Макаров", ки аз он шахси номаълум ба қисмати рӯй, қафаси сина ва шиками раҳбари хоҷагии ҷангалу шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва шавҳари хоҳари Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳур тир холӣ карда буд, аз рӯдхонаи Душанбе дар маҳаллаи 46 дар наздикии тарабхонаи «Фараҳноз»- и Шӯрои деҳоти «Россия» пайдо шудааст.

Ҷустуҷӯи туфангча рӯзи 15 июл пас аз он оғоз шуд, ки нафари гумонбар дар қатли Холмӯъмин Сафаров аз сӯи кормандони милиса боздошт шуд. Гумонбар дар ҷараёни бозпурсӣ баёнот дод, ки дар шаби сӯиқасд ба Холмӯъмин Сафаров силоҳи худро дар дарёи Душанбе партофтааст.

Ба манзури дигар кардани маҷрои оби дарё техника сафарбар карда шуда ва аз маъмурони пулис то ба раҳбарияти сохторҳои қудратӣ, бахусус вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки дар ду паҳлӯи дарёи Душанбе, дар қисмати ҷамоати деҳоти «Россия» ва маҳаллаи 46-ум назоратро бар дӯш доранд, ба ҷустуҷӯи таппонча пардохтанд.

Холмӯъмин Сафаров аз хешовандони наздики президент Эмомалӣ Раҳмон шаби 13-уми июн дар наздикии хонааш дар яке аз маҳаллаҳои марказии шаҳри Душанбе ба қатл расид. Пас як моҳи ҳодиса Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълом кард, ки кормандони ин вазорат дар ҷараёни як амалиёт қотили Сафаровро боздошт кардаанд. Аммо дар бораи ҳувияти боздоштшуда то ҳанӯз тавзеҳот дода нашудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi