15:56:56 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МУСОДИРАИ МИҚДОРИ ЗИЁДИ АСЛИҲА ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки кормандони ин ниҳод дар вилояти Бадахшон миқдори зиёди аслиҳа мусодира кардаанд. Бар асоси иттилоъи сойти расмии ин вазорат, рӯзи якуми август дар шаҳри Хоруғ шумори зиёде аз ҷавонони “гумроҳзада” муҳимоти ҷангии худро ба мақомти интизомӣ таслим карданд.

/images/stories/2012/08/03_oruzhiya_030812.jpgДар ин хабар мехонем:“Дар шаҳри Хоруғ яроқҳои вазнини (сангин) ҷангӣ аз қабили гранатамёти РПГ(хунпораандоз), гранатамёти “Муха” (хунпораандоз), гулулаҳои гранатамёти бисёристифодашаванда, автомати (туфанг) Калашников, таппончаву снарядҳо(гулӯлаҳо), норинҷакҳои гуногунтамға, снарядҳои минамёт, ва дигар яроқу лавозимоти ҷангӣ мусодира ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуданд.”

Ин хабар ҳамчунин вазъи шаҳри Хоруғро ором ва босубот тавсиф карда ва меафзояд, ки мардум машғули корҳои рӯзмараи худ ҳастанд. Дар хабари вазорати кишвар мехонем, ки баъд аз зӯҳри якуми август низ миқдори зиёди силоҳ ба мақомот таслим шудааст.

Рӯзи 30 июл ин вазорат аз таҳвили беш аз 200 адад аслиҳаи мухталифи ҷангӣ ба мақомоти интизомии дар вилояти Бадахшон хабар дода буд. Гуфта мешавад, ки таҳвили аслиҳа ба мақомти интизомӣ дар Бадахшон баъд аз қироъати муроҷеъатномаи Карим Оқохони Чаҳор, пешвои исмоъилиҳои ҷаҳонр дар назди мардуми маҳаллӣ сурат мегирад. Дар ин муроҷеъатнома Оқохони Чаҳор аз ҷавонони маҳаллӣ хостааст, ки аслиҳаи худро ба замин гузоранд.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз мардуми Бадахшон ва ҷомеъаи шаҳрвандии ин вилоят дархсоти ҳамкорӣ бо маҷомти интизомии ин кишвар барои ифшо ва боздошти афроди ҷинояткор дар ин вилоятро карда буд. Халъи силоҳ дар Бадахшон, се рӯз пеш, дар пайи амалиёти нерӯҳоҳои давлати алайҳи афроде, ки давлат онҳоро дар қатли женерол Абдулло Назаров муттаҳам медонанд оғоз шудааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi