22:10:40 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҶАШНВОРАИ ФИЛМИ БИ-БИ-СӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Аз 30 август то 2 сентябр дар Душанбе ба ифтихори 20-солагии фаъолияти ин ширкат дар Тоҷикистон филмҳои мустанади сохтаи Би-би-сӣ намоиш дода мешаванд.

/images/stories/2012/08/21_bbc-farsi-210812.jpgСервиси Ҷаҳонии Би-би-сӣ дар поёни моҳи август дар шаҳри Душанбе ҷашнвораи филме барои муаррифии фаъолиятҳои худ ва таҷлил аз 20 соли гузоришгарии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон баргузор мекунад. Ин ҷашнвора дар Хонаи Синамои Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 30-юми август то 2-юми сентябр бо мизбонии Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-би-сӣ, доир мешавад. Ин барнома шомили панҷ филми мустанад ба забони форсӣ аст, ки бахши форсии Би-би-сӣ таҳия кардааст.

Тибқи иттилои Би-би-сӣ, дар чаҳорчӯби ин ҷашнвора филмҳои “Фарзандони Ленин" (дар бораи зиндагӣ дар Тоҷикистон баъд аз 20 соли истиқлол), “Ҷони Дилафрӯз” (дар бораи донишманди маъруф, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ), “Умари Хайём: сафаре ба Эрон барои кашфи дубораи шоири порсигӯ”, “Духтарони писарпӯш: дар бораи нақши занон дар Афғонистон” ва “Ислом дар Амрико”,  дар бораи ин ки зиндагии мусалмонони амрикоӣ пас аз ҳамалоти 11 сентябр чигуна иваз шуд намоиш дода мешавад. Бархе аз ин филмҳо дар шаҳри Хуҷанд низ ба намоиш хоҳанд даромад, мегӯянд масъулин.

Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-би-сӣ гуфтаст, ки  дарҳои ҷашнвораи филми Би-би-сӣ барои ҳама боз аст ва изҳори  умедворӣ кардааст, ки ин иқдом “барои эҷоди иртибот бо бинандагон ва шунавандагон, шунидани назароти онон ва дарки ин нукта ки мо чигуна метавонем барои мухотабони худ дар Тоҷикистон беҳтар хидмат кунем, заминаи мусоиде фароҳам месозад”.

Ширкати садову симои бритониёии  Би-би-сӣ аз соли 1992 дар Тоҷикистон фаъолият мекунад ва хабарнигорони он  ба забонҳои форсӣ, инглисӣ, узбакӣ ва русӣ барои радио, телевизион ва сафаҳоти интернетии Би-би-сӣ гузоришҳо медиҳанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi