04:27:20 20-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

ҶАШНВОРАИ ФИЛМҲОИ МУСТАНАДИ БИ-БИ-СӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Аз 30 август то 2-юми сентябр дар шаҳри Душанбе ҷашнвораи филмҳои мустанади  Би-Би-сӣ  ба забони форсӣ баргузор мегардад. Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-Би-сӣ дар як нишасти матбуотӣ, ки дар толори Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон баргузор гардид, ҳадафи ин чорабиниро муаррифии фаъолиятҳои сервиси ҷаҳонии Би-Си-сӣ ва таҷлил аз 20 соли гузоришгарии ин родию дар Тоҷикистон унвон кард.

/images/stories/2012/08/28_sodiqi-sabo-280812.jpgДар оғози суханронии худ оқои Содиқи Сабо аз марҳум Муҳиддини Олимпур, нахустин гузоришгари Би-Би-сӣ дар Тоҷикистон, ки соли 1995 ба шаҳодат расид, ба некӣ ёдовар шуд. Сипас ӯ дар бораи таърихчаи ба фаъолият шурӯъ кардани бахши форсии Би-Би-сӣ ва пахши барномаҳои он барои Тоҷикистон маълумоти мухтасаре ироа кард.

Дар бораи ҷашнвораи қарибалвуқӯъ иброз дошт, ки дар он дарназар аст панҷ филми мустанади дар ин авохир таҳиянамудаи синамогарони Би-Би-сӣ ба намоиш гузошта шавад. Инҳо филмҳои «Фарзандони Ленин», «Ҷони Дилафрӯз», «Умари Хайём», «Духтарони писарпӯш» ва «Ислом дар Амрико» мебошанд.

/images/stories/2012/08/28_khabarnigoron-280812.jpgФилмҳоро хоҳишмандон аз 30 август то дуввуми сентябр дар Хонаи Синамои Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон (собиқ кинотеатри ба номи Зебуннисо) метавонанд тамошо кунанд. Дар чаҳорчӯбаи ҳамин ҷашнвора инчунин консерти овозхон ва оҳангсози маъруф кишвар Далер Назаров, ки оҳангҳояш дар филми «Фарзандони Ленин» истифода шудааст, баргузор мегардад.

Дар нишасти матбуотии Содиқи Сабо рӯзноманигорни тоҷик, ки аз васоити ахбори давлатӣ ва хусусӣ намояндагӣ мекарданд, ба саволҳои сершумори худ посух гирифтанд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi