19:02:14 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

РАИСИ БОНКИ МИЛЛӢ: БАРОИ ДОДАНИ ҚАРЗҲОИ ИПОТЕКӢ БОНКҲО ПУЛ НАДОРАНД

Дар Тоҷикистон ду даҳсола мешавад, ки бо вуҷуди эҳтиёҷоти зиёд қарзҳои ипотекӣ дода намешаванд. Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, барои қарзҳои ипотекӣ, ки дар ҳаҷми нисбатан калон бо фоизи пасту мӯҳлати дароз дода мешаванд, айни ҳол бонкҳои Тоҷикистон пул надоранд.

/images/stories/2012/09/04_somoni-040912.jpgШиринов мегӯяд, барои он ки бонкҳои кишвар иқтидори додани қарзҳои ипотекӣ пайдо кунанд, солҳои дигар даркор мешавад. Қарзҳои ипотекӣ ҳадди ақал ба мӯҳлати 30 сол дода мешаванд. Таҳлилгарони бахши бонкӣ мегӯянд, барои додани қарзҳои дарозмуддату камфоиз пасандозҳои дарозмӯҳлату камфоиз лозим мебошанд.

Таҳлилгарони бонкӣ иброз медоранд, ки айни замон қарзҳои бонкҳои Тоҷикистон аз 6 моҳ то 36 моҳ дода мешаванд, аммо аксари пасандозҳо аз 3 моҳ то 12 моҳ мебошанд.

Ба қавли бархе аз коршиносни ин соҳа, бонкҳо ӯҳдадоранд, ки сари вақт фоизҳои пасандозҳоро руйпуш намоянд ва наметавонанд ба мӯҳлати дарозу фоизи пасттар қарз диҳанд.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi