19:02:14 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ПАЙДО ШУДАНИ ЯК ГУРӮҲИ МУСАЛЛАҲ ДАР МАРЗ

Мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, беш аз 70 ҷангии марбута ба шабакаи Ал-Қоида дар марз бо Тоҷикистон ҷамъ шудаанд. Ба гуфтаи як мақоми пулиси маҳаллӣ, ин гурӯҳ барои Тоҷикистону кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ таҳдидҳоеро ба бор хоҳад овард.

Дар пайи кушта шудани 5 марзбон дар вилояти Бадахшон Абдулаввал, сарпарасти фармондеҳии нирӯҳои амниятии улусволии Арғунчхой гуфт, дар манотиқи Хеҷу Давлатшоҳӣ ва дар сарҳадоти Тоҷикистон беш аз 70 ҷангии хориҷӣ ҷобаҷо шудаанд. Ба гуфтаи Абдулаввал, ин ҷангиён атбоъи Тоҷикистону Узбакистон, Қирғизистону  Қазоқистон, 4 ҷангӣ аз Покистон ва чеченҳоро дар бар мегиранд.

Бархе мақомоти маҳаллӣ  бидуни бурдани ном ба хабарнигори Радиои Афғонистони Озод  гуфтаанд, ки бархе аз ҷангиёни марбут ба Толиб Айёмбеков, аз фармондеҳони гурӯҳҳои саркаши Бадахшон низ гӯё ба ин гурӯҳи ҷангҷӯ пайвастаанд. Фармондеҳи амниятии Арғунчхой Абдулаввал низ дар манотиқи марзии Афғонистон ҷобаҷо шудани бахше аз шӯришиҳои Тоҷикистонро таъйид кард ва гуфт, бештари онҳо дар манотиқи марзии наздик ба улусволии Дарвоз паноҳ ёфтаанд.

Ба ақидаи ин фармондеҳ, агар нирӯҳои НАТО ва мақомоти Афғонистон дар ҳамроҳӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ алайҳи гурӯҳҳои ҷангҷӯи сарбароварда дар ин марз иқдом накунанд, ин гурӯҳҳо дар оянда метавонанд барои ҳам мақомоти афғон ва ҳам барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, бавижа барои Тоҷикистон дардисарҳои зиёди амниятӣ эҷод кунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi