11:50:49 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

НАЗДИКОНИ ШАКУРӢ ВАЗЪИ САЛОМАТИИ ӮРО "БАД" ХОНДАНД

Пайвандони Муҳаммадҷон Шакурӣ вазъи саломатии ӯро нигаронкунанда хонданд. Ӯ ҳоло дар бемористони Ибни Синост.

/images/stories/2012/09/15_m.shakuri-150912.jpgНаздикони академик Муҳаммадҷон Шакурӣ мегӯянд, вазъи саломатии ӯ бад шуда, феълан дар бемористони Ибни Синои Душанбе таҳти муроқибати табибон қарор дорад. Дар як тамоси телефонӣ Дилафрӯз Икромӣ, ҳамсари Муҳаммадҷон Шакурӣ, гуфт, "устод дар ҳоли ҳозир беҳушанд ва тавассути дастгоҳ нафас мекашанд. Ҳарфе ҳам намезананд."

Хонум Дилафрӯз аз ин бештар чизе гуфта натавонист. Устод Шакурӣ, ки 87 сол дорад, бештар аз дарди гурда ранҷ кашида, барои муолиҷа ба Эрону Бритониё низ сафар кардааст. Ӯ тақрибан моҳе пештар аз муолиҷаву дармон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Душанбе баргашта буд.

Дар як сӯҳбат бо мо устод Шакурӣ гуфта буд, беҳоливу бемадории пойҳояш ӯро азият медиҳанд. Дар ҷашнвораи филмҳои мустанади Би-би-сӣ дар Душанбе, ки дар авохири моҳи августи соли ҷорӣ оғоз ёфт, филми "Ҷони Дилафрӯз" дар бораи рӯзгору осори Муҳаммадҷон Шакурӣ низ ба намоиш гузошта шуд. Дар муаррифии ин филм масъулони Би-би-сӣ гуфтанд, ки устод Шакурӣ ба далели маризӣ натавонист дар ин маҳфил иштирок бикунад.

Муҳаммадҷон Шакурӣ аз донишмандони маъруфи Тоҷикистон аст, ки соли 1925-ум дар хонаводаи Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, қозикалони собиқи аморати Бухоро ба дунё омадааст. Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо дар соли 1945-ум хатм карда, фаъолияти кориашро дар нашрияи "Тоҷикистони Сурх" оғоз бахшидааст.

​​Устод Шакурӣ тӯли шаст сол дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият кардаст. Ӯ тӯли ин муддат ним ҳазор мақола ва 45 асари таҳқиқотии пурарзишеро дар мавриди адабиёти муосир, классикӣ ва забони тоҷикӣ ба чоп расонидааст. Намунаҳои осори ӯ аз ҷумла "Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад", "Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист", "Хуросон аст ин ҷо", "Садри Бухоро", "Равшангари бузург", "Фитнаи инқилоб дар Бухоро" мебошад, ки дар солҳои гуногун дар Душанбе ва хориҷ аз он ба нашр расидааст.

Ӯ яке аз муаллифони пешнависи Қонуни забони давлатии тоҷик дар соли 1989-ум аст. Писарони ӯ Рустам ва Шариф ҳарду доктори улуми таърих ва филологияанд, ки дар Маскав ва Лондон кору фаъолият мекунанд. Муҳаммадҷон Шакурӣ барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакист.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi