22:27:44 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МУОВИНИ МЕДВЕДЕВ ПЕШ АЗ ПУТИН БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД

Бино ба хабарҳо, Игор Шувалов, ноиби аввали сарвазири Русия, барои баҳси ҳамкориҳои Маскаву Душанбе ба Тоҷикистон меояд.

/images/stories/2012/09/19_medvedev-190912.jpgХабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба манобеи худ дар мақомоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, Игор Шувалов, ноиби аввали сарвазири Русия, бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон хоҳад омад. Ин сафари ҷаноби Шувалов дар рӯзҳои 20-21-уми сентябр иттифоқ хоҳад афтод.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон, Игор Шувалов бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мулоқот карда, масъалаи иҷрои қарордодҳои ду кишварро баррасӣ намояд. Интизор меравад, мавзӯи лағви боҷи гумрукӣ барои воридоти маводи сӯхти Русия ба Тоҷикистон низ дар ин дидор баҳс шавад.

Ин сафари Шувалов дар ҳоле дар назар гирифта шудааст, ки қарор аст, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар моҳи октябри соли ҷорӣ ба Душанбе биёяд. Хабаргузориҳои Русия менависанд, масъалаи аслӣ дар мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Русия сарнавишти минбаъдаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки мӯҳлати будубоши он дар соли 2014-ум ба поён мерасад.

Моҳи сентябри соли гузашта Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии вақти Русия, баъд аз мулоқоташ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон эълон карда буд, ки қарордод миёни ду кишвар оид ба пойгоҳи низомии 201-ум дар семоҳаи аввали соли 2012-ум ба имзо мерасад. Аммо то кунун ҷонибҳо бо якдигар забон наёфта ва ҳанӯз ҳам матни қарордод ниҳоӣ нашудааст.

Дар давоми як моҳи гузашта ду навбат гурӯҳи кории Русия зери раҳбарии муовини вазири мудофиаи ин кишвар Анатолий Антонов барои тамдиди ҳузури бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар берун аз қаламрави ин кишвар ба Душанбе сафар карда, бо ҳайати кории Тоҷикистон музокирот пеш бурд.

Ба дунболи сафари ахири муовини вазири дифои Русия дар ҳафтаи гузашта, хабаре ба нашр расид, ки зоҳиран тарафҳо барои  ҳузури ин пойгоҳ ба муддати сӣ сол тавофуқ ҳосил кардаанд. Аммо сафири Тоҷикистон дар Русия Абдумаҷид Достиев мегӯяд, то ҳанӯз сафорат дар ин бора санаде дастрас накардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi