18:36:10 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МУДОХИЛАИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ ҲАЛЛИ МУШКИЛИ ТВ ФОРСИЗАБОН

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки мақомоти гумрук ба таври оҷил ба мушкили барои таҷҳизоти телевизиони муштараки форсӣ пешомада, расидагӣ кунанд.

/images/stories/2012/09/20_safiri-iron-200912.jpgАлиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе дар сӯҳбат ба мо гуфт, аз се моҳ ба ин сӯ таҷҳизоти телевизиони муштараки форсӣ аз расмиёти Хадамоти гумруки Тоҷикистон нагузаштааст ва аз ин хотир, кишвараш мусоидати раисҷумҳурро зарур шуморид.

Телевизиони муштараки форсӣ, ки аз тавофуқоти умдаи миёни се кишвари форсзабон – Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон аз соли 2006 аст, то ба имрӯз бо мушкилоти сиёсиву забонӣ ва инак, молиявӣ мувоҷеҳ мешавад.

Сафорати Эрон дар Душанбе эълом дошт, ки Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақрибан 400 ҳазор доллар аз 2 миллион евро, қимати умумии таҷҳизот барои телевизион, боҷ талаб кардааст. Ин хадамот мегӯяд, ин таҷҳизот танҳо дар ҳоле аз боҷ озод мешавад, ки барои истифодаи корпуси дипломатӣ, яъне сафорати Эрон бошад, аммо дар ин маврид он моли сафорат нест.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, барои фаъолияти телевизиони муштараки форсӣ тамоми шароит фароҳам омадаанд, аз ҷумла як бинои думанзила дар шафати телевизиони «Баҳористон» бо студияву толорҳои зарурӣ барои телевизион омода шудаанд.

Расонаҳои Эрон хабар медиҳанд, ки ин телевизион «Наврӯз» унвон шудаву рӯзона 8 соат барнома пахш хоҳад кард. Ба қавли Алиасғари Шеърдӯст, мӯҳтавои барномаҳои ин телевизиони муштарак сирф фарҳангӣ ва барои низоми сиёсии тамоми кишварҳои форсизабон мувофиқ хоҳад буд. Вай афзуд, ҳайати эҷодии ин телевизион низ бо мувофиқаи кишварҳо ташкил мешавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi