13:34:48 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲУШДОРИ ИМА БА ИСРОИЛ ДАР МАВРИДИ ПАЁМАДИ ҲАМЛА БА ЭРОН

Мақомоти ИМА ба Исроил ҳушдор додаанд, ки дар сурати ҳамла ба Эрон, эҳтимоли лағви паймони сулҳи Исроил бо Миср ва Урдун вуҷуд дорад.

/images/stories/2012/09/21_barak-obama-210912.jpgРӯзномаи исроилии "Yedioth Ahronoth" рӯзи панҷшанбеи 20-уми сентябр ба нақл аз яке аз мақомҳои баландпояи исроилӣ навиштааст, ки яке аз мақомҳои амрикоӣ ба Исроил ёддовар шудаанд, дар сурате, ки агар Исроил ба Эрон ҳамла кунад, раҳбарони ҷаҳони араб қодир нахоҳанд буд вокуниш ва хашми мардумашонро контрол кунанд.

Ба навиштаи "Yedioth Ahronoth", ин мақоми исроилӣ бо ишора ба вокунишҳои мусалмонон ба филми «Бегуноҳии мусалмонон», ки дар он ба паёмбари ислом тавҳин шудааст, гуфтааст, дар ҳоли ҳозир ин раҳбарони ҷаҳони араб нестанд, ки мардумро контрол кунанд, балки мавҷи мардум дар хиёбонҳост, ки онҳоро контрол мекунад.

Ин рӯзнома ба нақл аз ин мақоми давлатии исроилӣ навиштааст, ҳамлаи Исроил ба Эрон ҳамон чизе аст, ки эрониҳо интизор дорад: тамоми ҷаҳони араб ва мусалмонҳо ба хиёбонҳо бирезанд.

Ин мақоми исроилӣ ҳамчунин меафзод, Миср ва Урдун ба унвони танҳо кишварҳои арабие, ки бо Исроил паймони сулҳ имзо кардаанд, мумкин аст дар сурати ҳамла ба таъсисоти ҳастаии Эрон, бо фишорҳои шадид барои лағви ин паймон рӯбарӯ шаванд.

Амрико то кунун ба роҳи ҳалли дипломатии қазияи ҳастаии Эрон таъкид кардааст. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ахиран дар суханоне, ки хитоб ба Барак Обама таъбир шуд, гуфта буд: «Онҳое, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз гузоштани «хатти сурх» барои Эрон сар боз мезананд, аз лиҳози ахлоқӣ ҳаққ надоранд, ки барои Исроил «хатти сурх» таъйин кунанд.»

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi