05:10:21 17-уми Июни 2025 сол

ҲАМЛАИ ЭЪТИРОЗГАРОН БА ДИПЛОМАТИ ЭРОНӢ ДАР НЮ ЙОРК

Ромини Меҳмонпараст аз сӯи норозиёни сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ба Ню Йорк мавриди ҳамла қарор гирифт. Гурӯҳе аз тазоҳуркунандагон сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон, Ромини Меҳмонпарастро дар назди бинои Созмони Милали Муттаҳид дар Ню Йорк муҳосира ва таҳдид карданд.

/images/stories/2012/09/27_safiri-eron-270912.jpgМеҳмонпараст аз пулис ёрӣ хост ва пулис ӯро то ҷойи амн ҳамроҳӣ кард. Моҷаро соате баъд аз нутқи раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод дар Маҷмаи умумии Созмони Милал ва дар ҳоле ба амал омад, ки ҳазорон нафар бо эътироз аз сафари ӯ дар назди бинои СММ ҷамъ омада буданд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ