04:35:41 17-уми Июни 2025 сол

САФОРАТ ИМА ВА ТАҚСИМОТИ ДОРУВОРӢ ДАР МАКТАБҲОИ ТАҲСИЛОТИ ҲАМАГОНӢ

Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои тропикӣ ва гурӯҳи ИМА оид ба корҳои шаҳрвандӣ ва Хазинаи Растропович-Вишневский (ХРВ) дар мактабҳои рақами 1 ва рақами 141-и шаҳри Ваҳдат дар доираи ташаббуси Амрико ва Тоҷикистон оид ба ҳифзи тандурустӣ бо мақсади коҳиш додани сатҳи умумии гелминтозҳо, чорабиниеро анҷом доданд.

/images/stories/2012/10/02_poliomielit_021012.jpgБарномаи мазкур, ки бо кӯмаки молиявии Вазорати мудофиаи ИМА аз ҷониби ташкилоти ғайридавлатии ХРВ амалӣ гардидааст, барои табобатизанони  синну соли репродуктивӣ ва кўдакони синни то 17 сола дар саросари Тоҷикистон равона шудааст. Марҳилаи якуми табобат дар моҳи апрел гузаронида шудааст.

Дар давраи он тамоми макотиби Тоҷикистон, қариб 1,7 миллион кӯдак бо ду намуди доруворӣ - албендазол ва празиквантел таъмин гардиданд. Дар баробари тақсимоти доруворӣ, ХРВ барои кормандони тиб ва омўзгорон омўзишҳоро оид ба пешгирӣ намудани сирояти такрорӣ доир намуд. Сабаби асосии ин беморӣ ифлосшавии сарчашмаҳои об, тоза набудани обҳои нушокӣ ва сатҳи пасти шароити санитарӣ мебошад.

Барномаи зидди дегелминтозӣ як намунаи дигаре мебошад, ки аз омодагии ИМА дар беҳтар намудани ҳаёти шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Аз соли 1992 халқи ИМА зиёда аз 984 млн долларро ба он лоиҳаҳо ва кӯмаки гуманитарие, ки ба дастгирии  институтҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисоди Тоҷикистон равона шудаанд, ҷудо намудааст, омадааст дар хабаре, ки аз Маркази матбуотии сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба унвонии сомонаи «Рӯзгор» ирсол шудааст.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ