02:31:00 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МАРОСИМИ ОҒОЗИ САФАРИ РАСМИИ ПУТИН БА ТОҶИКИСТОН ФАРДО ДАР «ҚАСРИ МИЛЛАТ» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Маросими ботантанаи оғози сафари расмии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон фардо, рӯзи 5-уми октябр, соати 11:55  ба вақти Душанбе дар саҳнаи «Қасри миллат» баргузор мегардад.

/images/stories/2012/10/04_davlat-nazri-41012.jpgДар ин бора Давлаталӣ Назриев, сардори раёсати иттилоот ва таҳлили Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба хабарнигорони дохиливу хориҷӣ дар як нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Сипас дар назар аст  тӯли як соат мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ФР Владимир Путин пушти дарҳои баста сурат бигирад.

Баъд роҳбарони ду кишвар мулоқоти хешро бо ширкати ҳайатҳои ду ҷониб идома медиҳанд. Маросими имзои созишномаҳо ва изҳороти роҳбарон барои васоити ахбори омма низ пешбинӣ шудааст.

Дар баёнияе, ки дар ин нишасти хабарнигорӣ миёни рӯзноманигорон мунташир шуд, омадааст, ки баъди дар соли 1992 барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни ин кишварҳо  беш аз 200 созишномаҳои мухталиф дар асрсаҳои гуногунии хоҷагии халқ ба имзо расидааст.

Соли гузашта тиҷорати байни ин ду кишвар маблағи беш аз як миллиардро ташкил дод. Чунончи аз Русия ба Тоҷикистон ба маблағи 961,2 миллион доллари амрикоӣ мол ворид карда шуд. Содироти моли Тоҷикистон ба Русия 75,4 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди Тоҷикистон 25 ширкати муштараки Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар фаъолият карда истодаанд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi