12:01:54 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

СЕМИНАР ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҚОЧОҚИ МАВОДИ ЯДРОӢ

Аз 9 то 10 октябр дар Душанбе, бо дастгирии Барномаи муборизаи алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи радиоактивӣ ва ядроии (PNSP) Департаменти давлатии ИМА семинари дурӯза гузаронида мешавад, ки дар он тартиби ҷории боздошти гардиши ғайриқонунӣ маводҳои радиоактивӣ ва ядроиӣ, таҳлил карда мешавад. Семинар дар чорчӯбаи Нақшаи вокуниши муштараки миллии Тоҷикистон ва ИМА гузаронида мешавад.

/images/stories/2012/10/05_usa-tjk-051012.jpgБори нахуст, барномаи PNSP дар Тоҷикистон моҳи апрели соли 2012 бо мақсади мустаҳкам намудани имкониятҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъат додани ҳамкорӣ бо ИМА дар ҷодаи пешгирӣ намудан, ошкор кардан ва вокуниш ба ҳолатҳои гардиши ғайриқонунии маводҳои ядроӣ ва радиоктивӣ пешниҳод гардида буд.

Семинар, ки моҳи октябр гузаронида мешавад, на танҳо имкониятҳои вокунишро дар ин ҳолатҳо мустаҳкам менамояд, балки роҳҳои беҳтар намудани санҷиши судии ядрои ро дар ҷумҳурӣ муайян менамояд. Ғайр аз ин, семинар ба мутахассисони тоҷик имконият медиҳад, ки бо усулҳои асосии фаъолияти гурӯҳҳои мубориза алайҳи қочоқи маводи ядроӣ шиносоӣ пайдо намоянд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi