14:02:38 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ИДИ КИТОБ ДАР БАДАХШОН

Имрӯз дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии маркази ноҳияи Ванҷ чорабинии фарҳангии «Иди китоб» ба муносибати 60 - солагии маҷаллаи «Истиқбол» баргузор гардид. Дар гузашта ин маҷалла бо номи «МАШЪАЛ» машҳур буд ва нашрияи дӯстдоштаи бачаҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт.

/images/stories/2012/10/09_idi-kitob-dar-khorugh-09101.jpg

Сардабири маҷаллаи «Истиқбол» Латофат Кенҷаева ва адибону рӯзноманигорони шинохтаи ҷумҳурӣ Ато Мирхоҷа, Ворис, Султони Ҳамад, Мавҷудаи Соҳибназар, Бузургмеҳри Баҳодур дар он маҳфил суханрониву шеърхонӣ карданд. Ба ҷуз ин сардабири маҷаллаи «Истиқбол» барои атфоли ноҳия шумораи зиёди китобҳои бадеии бачагонаро ҳадя намуд.

Ёдрас шудан ба маврид аст, ки дирӯз ин «Иди китоб» дар ду мактаби таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Дарвоз баргузор шуда буд ва ба китобхонаи шахсии Адабҷон Амирҷонов дар деҳаи Ёгед беш 120 китоби мухталиф тақдим карда шуд. Тазаккур медиҳем, ки «Иди китоб» бахшида ба 60-солагии маҷаллаи «Истиқбол» то охири ҳафта дар дигар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома меёбад.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi