23:52:18 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РУСИЯ ВА ҲИНДУ ЭРОН. СЕ ҚУДРАТИ МУҲИМ БАРОИ ҲИФЗИ АФҒОНИСТОН

"Daily Telegraph" аз Русияву Ҳинд ва Эрон ба унвони се қудрате, ки метавонад дар ҳифзи Афғонистон кӯмак кунанд, ном бурдааст.

/images/stories/2012/10/09_soldat-usa-091012.jpgРӯзномаи "Daily Telegraph" Русияву Ҳинд ва Ҷумҳурии исломии Эронро се қудрате донистааст, ки метавонанд дар ҳифзи Афғонистон кӯмак намоянд. Дар ин гузориши "Daily Telegraph" омадааст, ҳангоме ки НАТО нерӯҳояшро аз Афғонистон берун мекашад, набояд аз талаби кӯмак аз Русия, Эрон ва Ҳинд бим дошта бошад.

Дар ин мақола омадааст, барои масъалаи Афғонистон роҳи ҳалли соддае вуҷуд надорад ва бинобар ҳамин НАТО набояд аз кӯмак хостан аз дигар кишварҳо ҳарос дошта бошад.

Нависандаи ин мақола зимни ишора ба ҳаводиси даҳаи 90-уми қарни гузашта менависад, замоне ки Толибон дар Афғонистон зуҳур карданд, сегонаи Ҳинд, Русия ва Эрон ба мухолифони Толибон, яъне Ҷабҳаи Иттиҳоди Шимол кӯмак мекарданд. Ба қавли ӯ, барои солҳо Амрико талош кард, то монеи дахолати Ҳинд дар Афғонистон шавад, зеро дахолати Ҳинд ҳассосияти Покистонро бар меангезад.

Аз сӯи дигар, Эрон бо вуҷуди адами алоқамандиаш ба Толибон, бар асоси гузоришҳо ба шӯришиён силоҳ медиҳад ва барои онҳо омӯзишро ҳам фароҳам месозад.

Ба бовари муаллифи матлаби "Daily Telegraph", равобити Русия низ бо НАТО пуртаниш аст. Рӯзнома меафзояд, бо ин ҳама, сегонаи Ҳинд, Эрон ва Русия дар ниҳоят манофеи бунёдӣ дар тазъифи Толибон ва босубот шудани Афғонистон доранд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi