21:31:13 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДИДОРИ ПРЕЗИДЕНТ РАҲМОН БО АМИРИ КУВАЙТ

Амири Кувайт гуфтааст, ки кишвараш ба сармоягузорӣ ба бахшҳои энержӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, ҷаҳонгардӣ ва илму фарҳанги Тоҷикистон алоқаманд аст.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, ки дар ҳошияи ҷаласаи сарони кишварҳои узви Муҳовараи Ҳамкориҳои Осиё (Asia Cooperation Dialogue) дар Кувайт бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ мекард, ба омодагии кишвараш барои тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таъкид кардааст.

Президент Раҳмон ба навбаи худ аз тахсиси 2 милёрд дулори кумаки давлати Кувайт ба кишварҳои дар ҳоли тавсеъаи Осиё ибрози сипос кардааст. Зимнан, дар шаҳри Кувайт оқои Раҳмон бо Абдулваҳҳоб ал-Бадр, мудири кулли Сандуқи рушди Кувайт низ мулоқоте анҷом додааст.

Дар зарфи 11 соли ахир ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ниҳоди молӣ аз тариқи Бонки Осиёии Тавсеъа ва Бонки Исломии Тавсеъа сурат гирифта ва ҳамакнун ҷонибҳо барои барқарории равобити мустақим ба тавофуқ расидаанд.

Абдулваҳҳоб ал-Бадр гуфтааст, Сандуқи рушди Кувайт дар садад аст тарҳҳои инфрасохтории Тоҷикистонро мустақиман сармоягузорӣ кунад.

Ҳамчунин, ӯ гуфтааст, Тоҷикистон метавонад аз сармояи 2 милёрддулории Кувайт барои кишварҳои дар ҳоли рушди Осиё барои иҷрои тарҳҳои инфрасохтории худ истифода кунад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi