17:21:09 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ЭЪЗОМИ 100 КОРМАНДИ ОҶОНСИИ ЗИДДИ МАВОДИ МУХАДДИР БА ХОРУҒ

Ҳудуди 100 тан аз кормандони Оҷонсии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, фиристода шудаанд.

/images/stories/2012/10/18_badakhshan-kharug-181012.jpgБобоҷони Шафеъ, корманди масъули Дафтари матбуоти ин Оҷонсӣ, рӯзи панҷшанбеи 18-уми октябр ба мо гуфт, ҳадафи эъзоми ин гурӯҳ ба ҳаводиси ахири Хоруғ ҳеҷ иртибот надорад. Балки ба гуфтаи ӯ, "мақсади аслӣ амалӣ намудани барномаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар чаҳорчӯби амалиёти "Кӯкнор 2012" дар навоҳию минтақаҳои Бадахшон мебошад."

Ба қавли Бобоҷони Шафеъ, ин барномаи нақшавӣ буда, қаблан дар дигар манотиқи Тоҷикистон ҳам иҷро шудааcт. Оҷонсии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, қарор аст, 19-уми октябр боз як гурӯҳи 100-нафарии дигар ба минтақаи Бадахшон эъзом карда шавад.

Зимнан, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари ахираш ба бархе аз навоҳии Бадашон таъкид карда буд, ки аз соли 2000-ум то имрӯз дар миқёси вилоят шаш тоннаву 83 кило ва дар чоруним соли охир танҳо як тоннаву 100 кило маводи мухаддир мусодира шудааст.

Президент Раҳмон бо ишора ба ин рақамҳо гуфта буд, қаламрави вилояти Бадахшон ба дарвозаи қочоқ ва интиқоли маводи мухаддир, силоҳ ва сангҳои қиматбаҳо табдил ёфтааст, ки дар навбати худ яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории фаъолияти гурӯҳҳои созмонёфтаи  ҷинояткор ба шумор меояд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi