20:58:27 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

9.5 МИЛЛИОН ДОЛЛАРИ АМРИКО ҶИҲАТИ ДАСТГИРӢ НАМУДАНИ СОХТОРҲОИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиотт ва Рустам Назаров, Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикӣ созишномаи дуҷонибаро ба имзо расониданд, ки мувофиқи он Ҳукумати ИМА 9.5 миллион доллари амрикоиро барои дастгирии барномаҳои вобаста ба амнияти марзҳо, ислоҳоти соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, мубориза бар зидди маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон ва рушди соҳаи адлия дар Тоҷикистон ҷудо менамояд.

/images/stories/2012/10/19_hifzi-hukuk1-191012.jpgКӯмаки молиявии Ҳукумати ИМА барои пешгирӣ намудани интиқоли ғайриқонунии амвол ва одамон тавассути марзҳои Тоҷикистон ва дастгирӣ намудани  барномаи фарогири ислоҳоти соҳаи милитсия бо ташкил додани гурӯҳҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа, ва баргузор намудани омӯзиш барои  сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ истифода бурда мешавад. Қисми ин маблағ ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон барои сайқал додани маҳорати мутахассисони ояндаи соҳаи ҳуқуқ равона карда мешавад.

Ҳукумати ИМА маблағи иловагии 1 миллион доллари захираи ташаббусҳои зидди маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ (CACI) бо мақсади дастгирӣ намудани имкониятҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) ҳангоми гузаронидани тафтишот ва ҳабси нашъаҷаллобон  ҷудо хоҳад кард.

/images/stories/2012/10/19_hifzi-hukuk2-191012.jpg

Маблағи мазкур барои мустаҳкам намудани ҳамкории байни Агентии назорати маводи нашъаовар ва воҳидхои мансуб баCACI дар Ҷумҳурии Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя кӯмак мекунад. Дар чаҳорчӯбаи ин барнома, Ҳукумати ИМА бунёди инфрасохтор, таъмини таҷҳизот ва кӯмакҳои техникӣ, баргузор намудани омӯзишҳо пешбинӣ шуда, фаъолияти АНМН ва воҳидҳои махсуси онро дастгирӣ мекунад.

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико омода аст, ки  дар оянда кӯмак ва дастгирии худро ба мардуми Тоҷикистон идома диҳад. Аз соли 1992 то инҷониб Сафорати ИМА баҳри амалӣ гардонидани барномаҳои кӯмакрасонрасон, ки фаъолияти институтҳои демократӣ, соҳаҳои тиб ва маориф, рушди иқтисод, бехатарии сарҳад, волоияти қонун ва мубориза бар зидди маводи мухадирро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамоянд, зиёда аз 984 млн долларро ҷудо намудааст.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi