14:24:33 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АБДУЛЛО ЁРОВ: НЕРӮГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН БА ЗИМИСТОН НОМУВОФИҚ АСТ

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»

Абдулло Ёров, раиси ширкати «Барқи тоҷик» камбуди бисёри нерӯгоҳҳои барқи обии мавҷудаи Тоҷикистонро дар он медонад, ки аксарашон бе назардошти сатҳи об дар фасли сармо тарҳрезӣ шудаанд. Ба гуфтаи Ёров ин камбудӣ ҳатто дар калонтарин нерӯгоҳи кишвар – «Норак» ҳам ҷой дорад:

/images/stories/2012/10/23_abdullo-yorov-231012.jpg«Дар нерӯгоҳи «Норак» барои кор намудани як агрегат 150 метри мукааб об дар як сония лозим аст. Барои нӯҳ агрегат 1350 метри мукааб дар як сония об даркор мебошад. Ин дар ҳолест, ки ҷараёни об дар дарёи Вахш дар давраи зимистон то 70 – 80 метри мукааб дар як сония мерасад. Ин ҳаҷми об барои 30 фоизи як агрегат ҳам намерасад. Нерӯгоҳи Норак ин лоиҳаи калонтарин, ки як давлати абарқудрат, ҳукумати Шӯраваӣ онро лоиҳакашӣ кардаст».

Гуфта мешавад ҳамчунин ин ҳолат дар нерӯгоҳҳои Бойғозӣ, Сангтӯда – 1 ва Сангтӯда 2 ҳам ҷой дорад.

Абдулло Ёров таъкид мекунад, ки ин камбуди лоиҳакашҳои замони шуравиро дарёфта, дар баъзе лоиҳаҳои нави нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистон тағйироти дахлдор ворид намудаанд. Номбурда иброз медорад, ки дар тартиби лоиҳакашии нерӯгоҳҳо бояд хусусияти Тоҷикистон ба назар гирифта шавад:

«Ба мо асосан дар давраи зимистон об намерасад. Миқдори камтарини оби давраи зимистонро ба назар гирифта, мо бояд нерӯгоҳро лоиҳакашӣ кунему созем».

Ба қавли Абдулло Ёров институтҳои лоиҳакашӣ ҳам ин камбудии худро дарк кардаанд: «Мо бо онҳо сӯҳбат доштем ва иншооллоҳ дар оянда ин камбудиҳо намешаванд. Камбудиҳои мавҷударо ҳамаашро ба қадри имкон ҳал мекунем».



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi