07:47:56 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РАҲОИИ СЕ ТАН АЗ РАҲБАРИ МУХОЛИФОНИ РУСИЯ АЗ БОЗДОШТГОҲ

Мақомоти Русия се тан аз пешвоёни мухолифинро аз боздоштгоҳ озод кардаанд. Онҳо рӯзи шанбе ба дунболи роҳандозии як тазоҳуроти ба гуфтаи мақомот «ғайри қонунӣ», дар Маскав боздошт шуда буданд.

/images/stories/2012/10/28_mukholifon-281012.jpgТазоҳуроти беиҷозаро мухолифони давлати Русия ба нишони ҳимоят аз Леонид Развозжаев баргузор кардаанд, ки мегӯяд, ӯро дар Украина рабуда ва ҳамин ҳафта ба Русия оварданд. Алексей Навалний, Иля Яшин ва Сергей Удалтсов аз яке аз марокизи пулиси Маскав озод шуданд ва дар берун аз ин марказ мавриди истиқболи ҳомиёнашон қарор гирифтанд.

Алексей Навалний пас аз озод шудан, хиттоб ба ҳомиёнаш гуфт: "Аксарияти шумо дар раҳпаймоии рӯзи шанбе дар Маскав ҳузур доштед ва дар гузориши пулис омадааст, ки гӯё ман фаълиятҳои бархе аз афродро раҳбарӣ кардам. Ин ҳама дурӯғи ошкор аст. Мутаассифона бархе аз дӯстони мо ҳанӯз дар маркази пулис ҳастанд ва мо бояд дар инҷо бимонем, то онҳо ҳам раҳо шаванд."

Сергей Удалтсов, раҳбари ҳизби чапгарои Русия гуфт: "Ба ӯ ҳушдор дода шудааст, ба пардохти 30 ҳазор рубл ҷарима, маҳкум хоҳад шуд."

Мақомоти Русия рӯзи гузашта се пешвои мухолифини давларо дар як тазоҳурот дар маркази шаҳри Маскав боздошт кардаанд. Ба гуфтаи хабарнигорон, маъмурони пулис, Алексей Навалний, Иля Яшин дар кӯчаи Покровская дастгир карда ва ба мошин андохта бурдаанд. Пештар аз ин Сергей Удалтсов, раҳбари Ҷабҳаи Чапи Русия дар саҳифаи Твиттери худ навишт, ки ӯро ҳам дастгир кардаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi