00:31:51 12-уми Апрели 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Июл 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ОБАМА, РОМНӢ ВА ЭМОМАЛӢ – НОМҲОИ “БОЗОРГИР”

Корзори интихоботии Амрико ҳамзамон як “мини-иқтисод”-ро гардон кардааст. Фурӯши фаровардаҳо бо акси Барак Обама ва Митт Ромнӣ, аз қабили стикеру нишонҳои сарисина, футболкаву кӯлоҳ, қадаҳу лӯхтак дар ин шабурӯз аз пурфурӯштарин маҳсулот барои он ҳаводорони онҳост, ки ҳар кадом умед ба пирӯзии номзади худ баставу мехоҳад шаби 6 ба 7 ноябр пирӯзии номзади худро ҳатман бо нишоне аз ӯ дар тан ё дар қадаҳи рӯи дасташ ҷашн бигирад.

/images/stories/2012/11/01_bazar-011112.jpgБарои зиннат додани арчаи солинавӣ як ширкат ороишеро бо чунин навишта: “Обама тамоми пули моро харҷ кард ва аз ин ба баъд Бобои барфии мо Чин аст” ба фурӯш гузоштааст. Ширкати дигар собунашро бо акси Митт Ромнӣ ба фурӯш бароварда,  ваъда медиҳад, ки ин собун “камбағалиро пурра хоҳад шуст.”

Аммо ҷасуртар аз ҳама дар ин бозори маҳсулоти “сиёсӣ” ширкатест, ки коғази туалетро бо аксҳои ҳарду номзад бо қимати ҳамагӣ 5 доллару 95 сент ба бозор даровард. Артур Берман, соҳиби wackyplanet.com мегӯяд, ҳарчӣ аз ин мол дошт, алакай ҳамаро фурӯхт. Ба ҳисоби ӯ,  коғази туалет бо акси Обама хубтар ба фурӯш рафтааст. Ин ҳама мояи эътирози ягон номзад ё ҳизби ӯ намешавад.

Матт Андерсон, демократи 64-сола аз аёлати Луизиана мегӯяд, дар бисёр кишварҳо тавлиду фурӯши чунин маҳсулот бо акси раҳбар касро ё ба кунҷи зиндон мебарад ё аз он бадтар. Ба бовари ӯ, ин бозори “сиёсӣ” низ як аломати дигари эҳтироми Амрико ба озодиҳои мардум аст: “Ин мавриди ба ифрот расида намунаи озодиест, ки мо имкон додаем. Ҳарчанд ки ин ба сатҳи беэҳтиромии шармовар нисбат ба раҳбар ва номзад мерасад. Маро аз ин ба ҳеҷ сурат хушам намеояд, вале дар айни замон, шумо медонед, ки ин як бахши низоми ҳуқуқии мост.”

Дар Тоҷикистон ҳам тоҷирони матоъфурӯш ба сари худ ба ду навъи матоъ “Қоши Эмомалӣ” ва “Чашми Эмомалӣ” ном додаанд, вале бино ба гузориши сомонаи Дни.Ру, мақомот ахиран ба онҳо “тавсия” додаанд, ки ба моли худ номи “сиёсӣ” надиҳанд. Як тоҷир гуфтааст, матои “Путин” бе ин ҳам алакай аз мӯд рафта буд, вале матои сиёҳе, ки “Обама” ном дошт, натавонист харидори зиёд пайдо кунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi